Чин сафири ҷадид барои Афғонистон муаррифӣ кард. Мулло Ҳасан Охунд, сарвазири Толибон рӯз чаҳоршанбе эътимодномаи ӯро пазируфт.
Муовини сухангӯи Толибон дар твитте навишт, ки маросими вижаи пазироии аз Ҷу Шинг, сафири ҷадиди Чин бо ҳузури сарвазири ин гурӯҳ дар Арг баргузор шуд.
Ба назар мерасад ин аввалин дидори аланӣ ва расмии сарвазири Толибон пас аз бозгашти ӯ аз Қандаҳор бошад. Мулло Ҳасан Охунд дар аввали сентябр пас аз ғайбати думоҳа аз Қандаҳор ба Кобул бозгашт.
Ӯ пас аз бозгашт ба Кобул, дар нишастҳои расмӣ ҳузур надоштааст. Ахиран Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба расонаҳо гуфт, ки Мулло Ҳасан бемор аст.
Билол Каримӣ, муовини сухангӯи Толибон рӯзи чаҳоршанбе, 13 сентябр, навишт, ки Ҷу Шинг дар дидор бо мақомоти ин гурӯҳ гуфтааст Чин ба тамомияти арзӣ ва истиқлоли Афғонистон эҳтиром мегузорад.
Ба гуфтаи Толибон, Ҷу Шинг таъкид карда, ки Чин сиёсати дахолат ва нуфуз дар умури Афғонистонро думбол намекунад.
Маъмурияти Ванг Ю, сафири пешини Чин дар Афғонистон моҳи гузашта ба поён расида буд.
Сафорати Чин дар Кобул то кунун дар мавриди ин дидор ва дар бораи Ҷу Шинг тавзеҳе надодааст.
Билол Каримӣ ба нақл аз сафири Чин дар Афғонистон навиштааст, ки ӯ, ки талош мекунад равобит ва ҳамкорӣ миёни Чину Афғонистон дар арсаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ густариш ёбад.
Толибон барои пазироӣ аз сафири нави Чин, маросими вижа баргузор кардааст.
Млло Ҳасан Охунд гуфта, ки бо иаъйини Ҷу шинг ба унвони сафир, равобити дипломатӣ миёни Чину Афғонистон густариш меёбад.
Сарвазири Толибон дар ин дидор гуфта, ки равобити ду кишвар пас аз тасаллути ин гурӯҳ бар Афғонистон шоҳид таҳаввулоти тоза будааст.
Чин аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки равобити наздике бо Толибон дорад. Ин кишвар дар ду соли гузашта чашм ба маодини Афғонистон дӯхта ва чандин қарордод бо гурӯҳи Толибон имзо кардааст.