Як афсари артиш, ки шоҳиди тамоси телефонии Трамп бо Зеленский, ҳамтои украинии ӯ буда, дар таҳқиқоти Кунгира дар бораи импичмент ширкат мекунад. Қарор аст дар охирин рӯзи моҳи октябр бар сари таҳқиқоти импичменти Доналд Трамп дар Маҷлиси намояндагон райгирӣ шавад.
Имрӯзи сешанбе, 29 октябр қарор аст як афсари артиши Амрико дар чорчӯби таҳқиқоти кунгира дар бораи парвандаи Украина ба пурсишҳои намояндагон посух гӯяд. Расонаҳои Амрико эълом кардаанд, ки изҳороти ин фард метавонад мунҷар ба афзоиши фишори бар Доналд Трамп дар моҷарои Украина шавад.
Бар асоси гузорише, ки аз сӯи “Ню Йорк Таймз” ва “Вашингтон пост” ва ҳамчунин аз тариқи шабакаи хабарии CNN мунташир шуда, изҳороти Александр Виндман метавонад мӯҷиби нохурсандии бештари Доналд Трамп дар иртибот бо таҳқиқоти нозир бар парвандаи Украина шавад.
Александр Вииндман, як афсари артиш ва яке аз коршиносони пешини Шӯрои амнияти миллии Амрико дар умури Украина аст.
Виндман пеш аз ҳузур дар баробари намояндагони Кунгира эълом кардааст, ки тамоси телефонии Доналд Трамп бо ҳамтои Украинии ӯ мӯҷиби нигаронии шадидаш шудааст.
Трамп дар тамоси телефони рӯзи 25 июл худ бо Зеленский аз ӯ хоста буд дар иртибот бо парвандаи Ҳонтер Байден, фарзанди Ҷо Байден ва рақиби аслии интихоботии ӯ бо Руди Ҷулиани, вакили Трамп ҳамкорӣ кунад.
Ҳадаф аз ин ҳамкорӣ осеб расондан ба ҳайсияти рақиби Трамп, Ҷо Байден, дар интихоботи пеширӯйи Амрико будааст. Трамп пардохти кумаки молии 400 миллион доллари Амрико ба Украинаро марбут ба ҳамкории Зеленский карда буд.
“Вашнгтон пост” эълом кардааст, ки Виндман аз ҷумлаи афроде буда, ки шоҳиди тамоси телефонии Трамп ва Зеленский будааст. Виндман гуфтааст: “ин ба назари ман аслан писандида нест, ки мо аз як давлати хориҷӣ бихоҳем аз манзари қазоӣ алайҳи яке аз шаҳрвандони амрикоӣ иқдом кунад. Ман нигарони паёмадҳои чунин рӯйкарде бар ҳимояти давлати Амрико аз Украина будам.”
Райгирӣ бар сари таҳқиқоти импичмент
Намояндагони демократ бар онанд, ки зарфи рӯзҳои оянда дар бораи таҳқиқоти импичменти Доналд Трамп райгирӣ кунанд. Ин мавзӯъ аз сӯи сухангӯи Ненси Паласи, раиси Маҷлиси намояндагон эълом шудааст. Гуфта мешавад, ки Ненси Паласи ба таври катбӣ аз намояндагон хостааст то дар ин райгирӣ ширкат кунанд.
Ин райгирӣ метавонад монеъ аз он шавад, ки Доналд Трамп ба худдорӣ аз ҳамкорӣ бо Кунгира дар бораи таҳқиқоти марбут ба парвандаи Украина идома диҳад.
Трамп ва шуморе аз намояндагони ҷумҳурихоҳ ин таҳқиқотро беасос ва ғайриодилона хонда ва аз ҳамкорӣ бо қувваи қазоӣ худдорӣ кардаанд.
Ненси Паласи бори дигар таъкид кардааст, ки дар Амрико ҳеҷ кас бар фарози қонун наистодааст. Расонаҳои Амрико аз рӯзи 31 октябр ба унвони рӯзи райгирӣ перомуни таҳқиқоти импичменти Трамп сухан гуфтаанд.