Рубрики Хабарҳо

“Пешво” куҷост, мардум? “Пешвоча” куҷост?

Имрӯз дар ҷаласаи изтирории ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи вируси коруно ё COVID-19, ки имрӯз таҳти раҳбарии нахуствазири Тоҷикистон ва раиси ин Ситод Қоҳир Расулзода баргузор гардид, тасмим бар ин шуд, ки вуҷуди ин вирус дар кишвар эътироф шавад. Ҳарчанд шумори гирифторон ба маротиб камтар аз он чӣ ҳаст эълон шуд, ба ҳар ҳол, аз имрӯз Тоҷикистон вориди марҳалаи нав гардид. 

Ҳукумат расман эълон кард, ки ин мусибат ба Тоҷикистон ворид шудааст. Масъалаи асосии баҳс ҳам ҳамин аст. Мусибат мусибати хурде нест. Таҷриба ва эътирофи кишварҳои гирифтор ба ин вирус нишон медиҳад, ки башарият дар 70 соли ахир фоҷеъае бузургтар аз инро ба хотир надорад. Нишондиҳандаи бузургии фоҷеъа ин ҳам ҳаст, ки раҳбарони сатҳи олии кишварҳо мустақиман вориди масъала шудаву бо мардумашон сӯҳбат мекунанд ва аз ҷараёни мубориза бо ин беморӣ ҳисобот медиҳанд. Мо шоҳиди баромаду гузоришҳо ва ҳатто гиряи сарварони кишварҳо будем. 

Ҳукумати Тоҷикистон, вуҷуди бемориро тасдиқ кард, аммо ҷуръат накард гирифтории ҳазорон, марги даҳҳо ё шояд садҳо нафарро эътироф кунад ва ба хонаводаҳои онҳо таслият арз кунад. Шумори гирифторон танҳо 15 нафар эълон шуд.  

Ҳарчанд ҳукумат 2 моҳи дароз вуҷуди вирус дар кишварро пинҳон кард, то ҷашну маросим ва маъракаҳои сиёсиашро баргузор кунад, салоҳ буд, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон назди мардум мебаромад ва вуҷуди вирусро эътироф менамуду ба мардум таслият мегуфт. Аммо ин кор нашуд. Вуҷуди вирусро на нафари аввали кишвар, на нафари дуввуми он, ки дар ин мавқеъ ҳоло писари раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ қарор гирифтааст ва на ҳатто нафари саввум, яъне сарвазир Қоҳир Расулзода, эълон накарданд ва ба мардум таслият нагуфтанд. Тасмим бар ин шуда, ки муовини вазири тандурустӣ ин “хабар”-ро ба мардум расонад. Ин нишондиҳандаи сатҳи муносибати як ҳукумат ба мардуми кишвараш аст. 

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, писараш Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ, духтараш Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи раисҷумҳур боястӣ дар сафи аввали мубориза бо ин фоҷеъаи миллӣ бошанд, чун вазифаашон аст. Аммо ду ҳафта аст, ки аз ин се дараке нест. Маълум нест куҷо ҳастанд, чӣ ҳол доранд ва ба чӣ кор машғуланд. Кишвар бе раҳбарият мондааст ва маълум нест идораи он ҳоло дар дасти кист — Қоҳир Расулзода ё Саймумин Ятимов? 

Дар ин ду ҳафтае, ки кулли марудми кишвар бо бузургтарин фоҷеъаи 70 соли охир дасту панҷа нарм мекунад, садое аз Раҳмону хонаводааш шунида намешавад. Дар ҳоле, ки ҳамагӣ чанд рӯз қаблтар аз он, замони ҷашну идҳо онҳо канори мардум буданд, аниқтараш мардумро канорашон ҷамъ оварда буданд, то барояшон сано хонаду таъзим кунад. Ҳамагӣ як моҳ қабл Эмомалӣ Раҳмон даст пеши бар ба мардум таъзим кард ва гуфт, ки дӯсташон медорад. Ҳоло ин дӯстдори мардум куҷост? Мардуми кишваре, ки 30 сол аст ӯву хонаводаву қудо андаи бешуморашро мехӯронад, ба мусибат гирифтор шудааст. Куҷост ин дӯстдори мардуму миллат? “Пешво” куҷост, мардум?

Рустами Эмомалӣ, ки лаганбардоронаш ватандӯсту кордон ва ободкору мардумсолораш мехонданд, ҳамагӣ ду ҳафта қабл, вақте раиси Маҷлиси Миллӣ шуд, даст рӯи сарқонун қасам ёд кард, ки ба мардуми кишвар хидмат мекунад. Ва ҳамагӣ баъди ду рӯзи қасамёдкуниаш ғайб зад. Куҷост ин ватандӯст? Куҷост ин шаҳрдори “ҷавону кордон”, ки мардуми шаҳри зери идорааш гурӯҳ-гурӯҳ мемиранд? Куҷост нафаре, ки падараш мехоҳад ҳукуматашро ба ӯ мерос монад? “Пешвоча” куҷост, мардум?

Озода Раҳмонро ҳам “мухлисон”-аш зани меҳрубону ғамхор, кордони миллатдӯст муаррифӣ мекунанд. Ҳади ақал ду гурӯҳи фейсбукӣ ба таърифу тамҷиди ин “модари мушфиқ” машғул аст. Даҳҳо шоиру нависанда дар ҳақаш шеъру ғазал навиштаанд. Таблиғи ӯро дар чунон сатҳи баланде ба роҳ мондаанд, ки ҳатто мардуми беҷора бовар кардаву ба ӯ номаи дод менависад. Ҳар рӯз чанд нома ба номи ин хонум расонаӣ мешавад. Куҷост ин “модари мушфиқ” ва “зани ҳалиму меҳрубон”, ки садҳо зану кӯдак, ҳатто ҳамон мубаллиғонаш гирифтори коруно шудаанду касе ба додашон намерасад? Дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ номаи пур аз фиғони аке аз мубаллиғони ҳамешагии Озода Раҳмон нашр шуд, ки фарёд мезад бо хонаводааш ба коруно гирифтор асту касе ба додаш намерасад. “Пешвохонум” куҷост, мардум?

Раҳмон домодаш Шамсуллоҳ Соҳибовро “соҳибкори ватандӯст” муаррифӣ карда ба ӯ ҳатто орден дода буд. Ин “соҳибкори ватандӯст” панҷ сол аст, ки ними бизнес дар Тоҷикистонро мнополия карда, моҳона на кам аз 10 миллион доллар даромади соф дорад. Ҳоло ватане, ки ин соҳибкор “дӯст” медорад, ба мусибат гирифтор шуда. Мардуме, ки охирин тинашро сар аз ҷаримаи БДА то маълумотномаи тиббӣ барои мактаб ба Соҳибов дод, имрӯз барои хариди як ниқоби оддӣ пул надорад. Куҷост ин “соҳибкори ватандӯст”, ки як ниқоб барои мардум нахаридааст?

Куҷост Ҷамолиддин Нуралиев, ки ҳатто дар замони шадидтарин бӯҳрону гирифтории ҳазорон нафар роҳи ғасбкардаашро бепул накард? Дар ҳоле, ки ҳар сол сад миллион доллар аз ин роҳ даромад мегирад. Куҷост Зарифбек Давлатову ҳамсараш Таҳминаи Раҳмон, ки воридоти чанд маҳсулоти хӯрокиро монополия кардаанд? Куҷоянд Рухшонаву Фирӯзаву Заринаву Сомон? Аслан ин авлоди бешумор куҷост, ки як нафараш пайдо нест ва садояш шунида намешавад?  

Мешавад бо итминони комил гуфт, ки то аз Тоҷикистон канда шудани пои вирус, мо на садои онҳоро мешунавем ва на чеҳраҳои “муборак”-ашонро мебинем. Мардуми Тоҷикистон ба ин хонаводаи дузд барои наздаш таъзим кардану тамаллуқ задан, барояш қасрҳо сохтану ҳисобҳои бешумори офшориашро пур кардан лозим аст.  

Тарафдорон, бахусус лаганбардорони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз парвози ӯ ба Хусдеҳи Афғонистон достонҳо созанд ва ин кори ӯро қаҳрамонӣ ва азҷонгузаштагӣ меноманд. Дар ҳоле, ки бехатарии он парвоз аз тарафи чанд кишвар ва СММ кафолат дода шуда буд. Аслан ӯ ҳеҷ ҷасорати дигаре аз худ, ғайри ҳамин парвоз нишон надодааст. Ҳамин аст, ки он парвоз 30 сол аст ягона достони ҷасорати раисҷумҳури Тоҷикистон боқӣ мемонад. 

Ҳамин аст, ки ӯ ҳамроҳ бо хонаводааш аз вирус фирор кардаву мардуми як кишвари 9-миллиониро бе раҳбар гузоштааст. 

Аслан тибқи қоидаи чандҳазорсолаи давлатдорӣ, дар сурати чунин беҷуръатӣ нишон додани раҳбари давлат, низомиҳо вориди кор мешаванд ва идораи давлатро ба даст мегиранд, то хараҷу мараҷ сар назанад. Вале Раҳмон тавониста на танҳо мардум, ҳатто генералҳоро ҳам чунон тарсу созад, ки агар ҳатто мурд, аз ҷасадаш хоҳанд тарсид. Мисли ҳамон достони ҳазрати Сулаймон. 

Генералҳо ҳам имрӯз дар сӯрохҳо пинҳон шудаанд. Ҳоло коруно аст, ки дар Тоҷикистон кишвардорӣ мекунад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *