Маркази варзишии “Манеж”, ки чанд рӯз қабл барои қабули беморони гирифтор ба расман “илтиҳоби шуш” ва ғайрирасмӣ COVID-19 омода шуда буд, барои муъолиҷаи зиндониёни гирифтор ба ин беморӣ истифода хоҳад шуд.
Як манбаъи Паём гуфт, ки ҳади ақал қисмате аз “Манеж”-ро барои муъолиҷаи зиндониён пешбинӣ кардаанд ва ҳато имкон дорад кулли ин маҷмаъа хос барои муъолиҷаи зиндониён истифода шавад. Ҳоло мақомот тамоми шароити ҳифозат аз зиндониёнро омода карда истодаанд.
Мақомот шумори зиндониёни гирифтор ба вируси коруноро ҳудуди 20 нафар гуфта буданд. Ва он ҳам танҳо дар ду зиндони рақами 1 ва 2-и Душанбе.
Аммо таъини маҷмаъаи бузурги варзишӣ барои муъолиҷаи зиндониён метавонад далели ин бошад, ки вирус дар зиндонҳо бо сурати густардае шуйӯъ кардааст.
То ҳол расонаҳо аз имкони гирифтории се зиндонӣ — узви раёсати олии ҲНИТ Раҳматуллои Раҷаб, вакили маъруфи дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва рӯзноманигор Далер Шарипов хабар додаанд.
Имрӯз рӯзноманигор Шӯҳрати Раҳматулло, писарбузурги Раҳматуллоҳи Раҷаб дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ки вазъи падараш дубора вахим гашта, ҳарорати баданаш марзи 39 дараҷаро убур кардааст.