Рубрики Хабарҳо

Нахуствазири Арманистон: дигар наметавонем Русияро кафили амнияти худ бидонем

Нахуствазир Арманистон дубора бар ин таъкид кардааст, ки ин кишвар дигар наметавонад ба Маскав ба унвони кафилии амнияти худ такя кунад. Ин баёнияи ӯ дар ҳошияи ташдиди вазъ дар Қарабоғу Кӯҳи ва гуфтумонҳо бар бораи як ҷани дигар байни ин кишвар ва Озарбойҷон садо медиҳад.

Никол Пашинян мегӯяд ҷанги Укроин, тавоноиҳои Русияро таҳти таъсир қарор дода ва роҳбурди Арманистон бояд коҳиши вобастагӣ ба Маскав бошад. 

Ӯ дар мусоҳиба бо нашрияи “Политико”, ки матни он рӯзи чаҳоршанбе (13 сенябр) мунташир шудааст, гуфт: “роҳбурди мо бояд ин бошад, ки дар ин шароит талош кунем вобастагии худро ба дигарон коҳиш диҳем. Мо мехоҳем як кишвари мустақил дошта бошем.” 

Никол Пашинян афзуд: тамос бо Русия ҳар бор, ки даргирӣ бо Озарбойҷон шурӯъ мешуд, ба осон набуд. 

Озарбойҷон ва Арманистон ҳарду бар сари минтақаи кӯҳистони Қарабоғ иддаои арзӣ доранд ва то кунун чандин бор бар сари ин масъала даргир шудаанд. Соли 2020 шаш ҳафтаи даргирӣ бар сари ин минтақа беш аз 6500 кушта бар ҷой гузошт ва бо миёнҷигарии Русия, ҳарду кишвар бо оташбас тавофуқ карданд. Бо ин ҳоли танишҳо байни ҳар ду кишвар ҳамчунон идома дорад. 

Нахуствазири Арманистон таъкид карда, ки эҳтимоли ташдиди дубораи танишҳо бо Озарбайҷон вуҷуд дорад ва барои ҳамин нерӯҳои муҷаҳҳази ин кишвар ба пойгоҳҳои худ боз хоҳанд гашт. 

Никол Пашинян мегӯяд Арманистон бояд барои бақо гоми ҷиддӣ бардорад ва бо дигар кишварҳо равобити худро тақвият кунад. 

Ӯ ҳамзамон бо ноумедӣ аз Русия гуфта роҳи дарозе дар пеш аст то кишварҳои ғарбӣ битавонанд аз Арманистон ҳимояти комил кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *