Ҳукумати маҳаллии Иёлоти Керала дар ҷануби Ҳинд, пас аз ҷон бохтани ду нафар бар асари ибтило ба як вируси нодир ба номи “Непо”, мактабҳо, идораҳои давлатӣ ва транспорти маҳаллиро таътил кард.
Мақомот гуфтанд ду бузургсол ва як кӯдаки дигар низ ба ин вирус мубтало шудаанд.
Мақомоти беҳдоштии ҳиндӣ шомгоҳи рӯзи чаҳоршанбе (13 сентябр) гуфтанд, ки ҳудуди 706 нафари дигар аз ҷумла 153 тан аз кормандони шифохона низ озмоиш додаанд.
Гуфта мешавад, ки вируси Непо аз тариқи “тамос бо моеъоти бадани хафош, хук ва афроди афроди олуда” мунтақил мешавад.
Пинарай Виҷаян, раисвазири Керала дар баёнияе гуфт, ки имкон дорад афроди бештаре мавриди озмоиш қарор гиранд ва аз шаҳрвандон хост то 10 рӯзи дигар аз ширкат дар таҷаммӯъоти умумӣ худдорӣ кунанд.
Ба гуфтаи мақомоти ҳиндӣ, ин вирус қаблан дар Бангладеш шиносоӣ шуда буд.
Онҳо афзуданд, ки вируси Непо бо хатари маргу мири боло аз як фард ба фарди дигар мунтақил мешавад, аммо собиқаи ибтило ба он камтар аст.
Як мақоми беҳдоштии Ҳинд гуфт, ки радёбиҳои онҳо нишон медиҳад, ки қурбонии аввали ин вирус, як деҳқони мева дар ин иёлат будааст.
Ба гуфтаи ӯ, қурбонии дувум дар асари тамос бо ин деҳқон дар шифохона мубтало ба вирус шуд. Ҳарчанд ин ду нафар иртиботе бо ҳам надоранд.
Вируси Непо барои аввалин бор дар соли 1999 дар миёни хукдорон ва афрод дигаре, ки бо ҳайвонот тамоси наздик доштанд, шиносоӣ шуд.
Дар соли 2018 ҳам дар Иёлоти Кералаи Ҳинд шуйӯъ пайдо кард ва аз 23 мубтало, 21 нафари онро кушт.