Дар Маҷмаъи умумии Созмони милал, ки ба зудӣ баргузор хоҳад шуд, буҳронҳои бузург аз ҷумла ҷанги Русия дар Укроин ва тағйироти иқлимӣ аз мавзӯъоти меҳварӣ хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол Олмон пешниҳоде карданист, ки қабул шуданаш метавонад ба мавқеъи Русия дар ҷаҳон зарбаи муҳлики дигаре бизанад.
Анналена Бербок, вазири хориҷаи Олмон, ки барои ширкат дар Маҷмаъи умумии Созмон милал роҳии Ню-Йорк шудааст, рӯзи якшанбе 17 сентябр дар остонаи баргузории ин иҷлос хоҳони ислоҳоти бунёдин дар Созмони милал ва Шӯрои амният шудааст.
Бербок дар ин росто тасреҳ карди, «Олмон аз эҷоди сохторе дар Созмони милал пуштибонӣ мекунад, ки одилонатар бошад, ҳама масоилро дар бар гирад ва қобилияти иҷроии бештаре ба ин ниҳод бидиҳад».
Ба гуфтаи ӯ, чунин амре шомил ин низ мешавад, ки Шӯрои амнияти Созмони милал мавриди ислоҳоти бунёдин қарор гирад. Олмон дар канори Бразилия, Ҳинд ва Ҷопон (кишварҳои G4) солҳост, ки мекӯшад чунин ислоҳотеро ба ҷараён андозад.
Вазири хориҷаи Олмон дар ин робита гуфт: “Шӯрои амнияте, ки ҳамчунон ҷаҳони қарни бистумро намояндагӣ мекунад, дигар мутобиқ бо замони имрӯз нест.»
Ӯ афзуд, танҳо замоне, ки Созмони милал системаи худро барои вуруд ба қарни бисту якум омода кунад, метавонад дар дарозмуддат ҷое бошад, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ битавонад муштаракан мушкилоти худро ба кумаки он ҳал кунад.
Бербок хотирнишон сохт, ки дар ҳафтаи оянда мавзӯъоти меҳварии зиёде дар Маҷмаъи умумии Созмон милал мавриди баҳс ва ройзанӣ қарор хоҳанд гирифт, ки ҷаҳонро ба чолиш кашидаанд, аз ҷумла сулҳ, густариш ва беҳбуди ҳуқуқи байналмилал, сиёсатгузорӣ дар ростои тавсеа, ҳифзи муҳити зист ва беҳдошт ва ҳамчунин ҳуқуқи занону духтарон дар кишварҳое чун Афғонистон.
Маҷмаъи умумии Созмон милал расман рӯзи сешанбе, 19 сентябр кори худро оғоз мекунад.