Рубрики Хабарҳо

Эрон: “маҳмулаи бузурги силоҳи амрикоӣ” дар марзҳои обии ҷануб кашф ва забт шуд

Раиси додгустарии Ҳурмузгони Эрон аз забти “маҳмулаи бузурги силоҳҳои амрикоӣ” дар марзҳои обии ҷануби Эрон хабар дод. 

Ба гуфтаи Муҷтабо Қаҳрамонӣ, ин маҳмула шомили шаш ҳазор шокери барқии вижаи зиддиошуби сохти Амрикост, ки аз як фарванди шиновар ҳангоми вуруд ба обҳои ҷануб кашф ва забт шуд. 

Ба гузориши хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон, ИРНА, Қаҳрамонӣ гуфтааст дар натиҷаи амалиёте, ки барои дастгирии ин маҳмула сурат гирифт, теъдоди қобили таваҷҷуҳи силоҳҳои гарм ҳам ба даст омадааст. 

ИРНА аз қавли Қаҳрамонӣ афзудааст, ки ду нафар дар пайванди интиқоли ин силоҳҳо боздошт шудаанд. 

Қаҳрамонӣ гуфта, ки дар натиҷаи таҳқиқоти муқаддамотӣ ва бар асоси гузориши боздоштшудагон мушаххас шуда, ки ин маҳмулаи силоҳ барои эҷоди бетартибӣ ва ошуб дар рӯзҳои оянда ба Эрон мунтақил шуда буд. 

Дар Эрон ба муносибати аввалин солгарди ҷон бохтани Маҳсо Аминӣ дар ҳангоме, ки ӯ дар боздошти пулиси мазҳабии ин кишвар буд, тадобири вижа ва шадиди амниятӣ дар шаҳрҳо ҷорӣ шудааст. 

Давлати Ҷумҳурии исломӣ ҳарос дорад, ки бори дигар мардум ба муносибати солгарди кушташудагон хезиши саросарии “зан, зиндагӣ, озодӣ” ба хиёбонҳо бирезанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *