Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон моҳи август содироти барқро афзоиш дод. Аз ҳисоби ҳақи мардум

Тоҷикистон моҳи гузашта содироти барқро якбора афзоиш додааст. Ин дар ҳолест, ки сокинони кишвар аз қатъи паёпайи барқ ҳатто дар гармои тобистон шикоят мекунанд. Таҳлилгарон ва мухолифин аммо мегӯянд омори расмӣ аз асл фарқи чандбаробарӣ дорад. 

Содироти барқ аз Тоҷикистон дар моҳи август 22,2 млн доллар даромда овардааст, иттилоъ медиҳад Агентии омори кишвар. Нисбати моҳҳои июн ва июл ин нишондиҳанда мутаносибан 3,2 млн доллар ва 5,5 млн доллар бештар арзёбӣ мешавад.

Афзоиши содирот дар моҳи август таносуб бо соли гузаштаро низ тағйир додааст. Агар то нимсолаи аввал содироти барқ нисбати ҳамин давраи соли 2022 камтар гуфта мешуд, моҳи август ин нишондиҳанда бартарияти 3-дарсадӣ нисбати ҳамин давраи соли гузаштаро нишон мдеиҳад. Дар 8 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон каме бештар аз 85,1 млн доллар даромад барқ содир кардааст.

Коршиносон ва мухолифин мегӯянд ончи дар омор меояд дарсади бисёр ками ҳаҷми содирот аст. Ба гуфтаи онҳо ҳаҷми асосӣ аз мардум пинҳон дошта мешавад. Барои мисол, Муҳиддин Кабирӣ раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон мегӯяд тибқи санадҳое, ки дар даст дорад, қисмати асосии маблағҳо аз содироти барқ ба суратҳисобҳои офшории хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон рехта мешаванд.

Тибқи иттилоъи як манбаъи “Паём”, ки то чанд соли қабл яке аз мансабҳои калидӣ дар “Барқи тоҷик”-ро дар даст дошт, шартномаи интиқоли барқ бо Афғонистону Узбекистон на мустақиман аз тарафи “Барқи тоҷик”, балки ду ширкати офшорӣ баста шудааст. Ӯ мегӯяд ин шартномаҳо ҳатто аз раҳбарияти “Барқи тоҷик” ба истиснои раис ва сармуҳосиби он пинҳон дошта мешавад. “Тамоми муҳосибот байни “Барқи тоҷик” ва ширкатҳои офшориро худи сармуҳосиб шахсан пеш мебурд ва ба касе нишон намедод” — мегӯяд ӯ. 

Дар ҳамин ҳол, “Азия Плюс” тахмин задааст, ки афзоиши рақамҳои расмии интиқол ба фурӯши барқ ба Қазоқистон рабт дорад. Ба навиштаи ин нашрия ввали соли ҷорӣ танҳо бо ширкатҳои ду кишвар — Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи интиқоли барқ қарордодҳо ба имзо расида буданд.

Ин кишварҳо дар давраи тобистон дар ҳаҷмҳои пешакӣ пешбинишуда барқ мегиранд. Афзоиши ҳаҷми содироти барқ аз Тоҷикистон ба гумони ғолиб, ба интиқоли қаблан пешбининашуда ба Қазоқистон вобаста аст.

Гуфтанист, 25 августи соли равон президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Остона ба ӯ барои интиқоли об ва барқ изҳори миннатдорӣ намуд.

Гуфтансит, тобистони имсол кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сабаби гармои шадид ба камбуди барқ дучор шуданд.

Сокинони Тоҷикистон низ аз камбуди неруи барқ арзу шикоят доштанд, аммо мақомот ва “Барқи тоҷик” ҷорӣ шудани лимитро рад намуда, қатъи барқро чун ҳамеша “баргузории корҳои таъмир” маънидод мекарданд.

Охири моҳи июл раҳбарияти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон хабар дод, ки мушкилот ба он вобаста аст, ки бар асари гармои шадид кори пойгоҳҳои обкашӣ барои қонеъ сохтани талабот барои обёрӣ дар вилояти Суғд зиёд шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *