Форсҳо имрӯз ба масофи арабҳо мераванд. Дар AFC
Имрӯз, 19 сентябр дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC ду тими кишварҳои форсизабон дар майдонҳои худ ба масофи ду тими кишварҳои арабизабон мераванд: “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар Душанбе “Ад-Дуҳайл”-и Қатар ва “Персеполис”-и Эрон дар Теҳрон “Ан-Наср”-и Арабистони Саудиро ба ҳузур мепазирад.
Коршиносон мусобиқоти имсолаи Лигаи қаҳрамонии Осиёро масофи байни Эрону Арабистони Саудӣ номидаанд.
“Ад-Дуҳайл”, қаҳрамони ҳашткаратаи Қатар, арзиши трансфериаш 10 баробар гаронтар аз арзиши трансферии “Истиқлол” аст, аммо сармураббиаш мегӯяд ин арзиш таъсире бузурге ба натиҷаи бозӣ надорад. Ҳарчанд ӯ бовар дорад, ки тимаш бидуни хол аз Душанбе барнамегардад, аммо мегӯяд “»Истиқлол» аз ҷиҳати ҷисмонӣ дастаи қавӣ аст. Ҳар як бозигари он дар бозие, ки сурат мегирад, метавонад хатаре эҷод кунад».
Сармурабби тими душанбегӣ низ умед дорад яке аз гаронтарин тимҳои Осиёро ба шикаст мувоҷеҳ кунад. Дар ин пирӯзии интизордоштааш, умеди ӯ ба мухлисони тимаш аст: «мо мунтазирем варзишгоҳ пур аз тамошобин шавад. Мухлисон бесаброна шурӯъи бозиҳои лигаи қаҳрамонҳо интизор буданд. Бозӣ нишон хоҳад дод, ки кадом тим пурқувваттар аст. Дастгирии мухлисонамонро ҳамеша эҳсос мекунем. Онҳо бозигари 12-уми тим ҳастанд, ки ба мо қудрату илҳом медиҳанд. Мекӯшем ҳарчи дар қудратамон аст ба майдон орем, то мухлисон шод бошанд» — мегӯяд Игор Черевченко.
Дирӯз Теҳрон шоҳиди роҳбандиҳои бузурге аз фурӯдгоҳи Теҳрон то меҳмонхонае, ки дар он тими “Ан-Наср” ҷой дода шуд буд. Даҳҳо ҳазор мухлиси Криштиан Роналду, ситораи футболи ҷаҳон ва ҳамлагари дастаи “Ан-Наср” барои дидану аксбардорӣ аз ӯ ҷодаҳову майдонҳоро пур карда буданд.
“Персеполис”, қаҳрамони 14 карата ва аз тимҳои матраҳи Эрон аст, ки тақрибан ҳамеша дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC ҳузур дорад. Ин тим як дафъа қаҳрамонии ин лигаро низ ба даст овардааст.
То ин замон байни “Персеполис” ва “Ан-Наср” се бозӣ афтода, ки як бор бо пирӯзии эрониҳо, як бор бо шикасти онҳо ва як бори дигар ҳам мусовӣ анҷом ёфтааст. Ҳоло “Ан-Наср” бо ҷалби ситораҳои ҷаҳонии футбол дар раъси Роналду ба яке аз пурқувваттарин тимҳои Осиё табдил ёфтааст ва коршиносон шонси қарор гирифтанаш дар сархати гурӯҳро бештар аз ҳама медонанд.
Гуфтанист дар лигаи имсолаи қаҳрамонҳои Осиё се тим аз Эрон ва се тим аз Арбабистони Саудӣ ҳузур доранд, ки ҳамагӣ дар гурӯҳҳо муқобили ҳам қарор гирифтаанд. Метавон гуфт мусобиқоти имсолаи ин лига байни саудиҳову эрониҳост, ки то чанд моҳ қабл муносиботи хубе ба ҳам надоштанд ва 8 соли охир сафоратҳояшон дар пойтахтҳои ҳамдигарро таътил карда буданд.