Рубрики Хабарҳо

Шурӯъи ҷанги нав? Озарбойҷон аз оғози “амалиёти зиддитеррористӣ” дар Қарабоғ хабар дод

Вазорати дифоъи Озарбойҷон тайи иттилоияе эълом кард, ки ба манзури барқарории сохти конститутсионии ин кишвар, амалиёти зиддитеррористи дар Қарабоғро оғоз кардааст. 

Ин вазорат бо иддаои ҳамалот пайвастаи неруҳои мусаллаҳи арманӣ ба мавзеъҳои артиши Озарбойҷон дар чандин моҳи ахир, дар бораи амалиёти зиддитеррористӣ дар Қарабоғ эълом кард: ғайринизомиён ва зерсохтҳо ҳадаф қарор намегиранд, танҳо аҳдофи низомӣ нобуд хоҳанд шуд. 

Дар ин иттилоия таъкид шуда, ки дар мавриди тадобири дар ҳоли иҷро дар Қарабоғ, ба фармондеҳии неруҳои сулҳбони Русия ва маркази дидбонии муштараки Туркия ва Русия иттилоърасонии лозим сурат гирифтааст.

Субҳи имрӯз дар Қарабоғ дар натиҷаи таркиши ду мин ду сокини маҳаллӣ ва чаҳор кормнади ВКД Озарбойҷон кушта шуданд. Дар ҳамин ҳол, дар иттилоияи Вазорати дифоъи Озарбойҷон дар бораи ин ҳамла сухан намеравад.  

Дар ҳоле, ки мақомоти арманӣ ба ин изҳороти Вазорати дифоъи Озарбойҷон ҳанӯз посухе надодаанд, бархе расонаҳо навори мунҳадимсозии чанд объекти низомии Арманистон аз сӯи нерӯҳои Озарбойҷонро нашр кардаанд. Аз ҷумла дар шарҳи навори таркише, ки дида мешавад, расонаҳо гуфтаанд нерӯҳои озарӣ як сиситеми зиддиҳавоии сохти русии Арманистон “Тор”-ро нобуд сохтанд. 

Дар навори дигар аз мунҳадисозии як системи муборизаи радиоэлектронии Арманистон гузориш мешавад.

Чанд дақиқа пеш Вазорати дифоъи Арманистон эълон кард, ки нерӯҳои ниҳомии ин кишвар дар Қарабоғ ҳузур надоранд. 

Сарвазари Арманистон Никол Пашинян дар ду мусоҳибаи ахираш бо расонаҳои ғарбӣ аз такяи комили ин кишвар ба Русия дар масъалаи амниятии худ, изҳори пушаймонӣ карда буд. 

Эрон аз пуштибонии худ аз Арманистон ва Туркияву Покистону Толибон аз пуштибониашон аз Озарбойҷон эълон карда буданд. Чанд моҳи ахир Эрон нерӯҳояш дар марзҳои Арманистону Озарбойҷонро тақвият мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *