Рубрики Хабарҳо

5 зиндонии амрикоӣ дар Эрон ба ивази озодии $6 млрд.и блокшуда раҳо шуданд

Мақомоти давлати Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико эълом карданд, ки панҷ шаҳрванди амрикоии зиндонӣ дар Эрон, ки дар ҷараёни як тавофуқи табодули зиндонӣ озод шудаанд, савори ҳавопаймо шуда ва озими Қатар ҳастанд. 

Тибқи эъломи ин мақомот шаҳрвандони зиндонӣ чандин соат пеш Эронро тарк карда барои муоинаи пизишкӣ озими Қатар шудаанд. 

Ин афрод пас аз итмоми муоинаи пизишкӣ бо ҳавопаймои мутааллиқ ба давлати Амрико ба кишварҳои худ боз хоҳанд гашт. 

Гуфтанист, дар 10 августи 2023 мақомоти Эрон ва Амрико аз тавофуқи ду кишвар дар мавриди табодули 5 зиндонии эронӣ-амрикоӣ дар ивази озодсозии дороиҳои блок шудаи Эрон ба арзиши 6 миллиард доллар дар Кореяи ҷанубӣ хабар доданд. 

Кохи сафед ҳам дар ин замина эълом кард, ки Сиёмак Намозӣ, Мурод Таҳбоз, Имод Шарқӣ ва ду тани дигар, ки исмашон зикр нашуд дар ин чорчӯб ба боздошти хонагӣ мунтақил шуданд. 

Давлати Амрико эълом кард, ки маҳдудиятҳое дар заминаи истифода Эрон аз ин дороиҳо вазъ шуда ва Теҳрон низ таъйид кард, ки аз ин дороиҳо сирфан барои колоҳои “ғайритаҳримӣ” истифода хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *