Панҷ раҳбари кишварҳои Осиёи Миёна — Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев, Содир Ҷабборов, Қосимҷомарт Тоқаев ва Сардор Бердимуҳаммадов, дар қолаби «С5+1» рӯзи 19 сентябр дар Ню-Йорк бо Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дидор ва гуфтугӯ карданд.
Байден ин мулоқотро “таърихӣ унвон кард ва гуфт “мо бар пояи робитаҳои наздики Осиёи Миёна ва ИМА, ки солҳои тӯлонӣ идома дорад, ҳамкорӣ мекунем, ки ба ӯҳдадориҳои муштараки мо ба истиқлолият ва тамомияти арзӣ, асос ёфтааст”
Дар ҳоле, ки ҳеҷ кадом аз ширкаткунандагони мулоқот бо Байден баъди вохӯрӣ бо рӯзноманигорон сӯҳбат накарданд, расонаҳо ва хадамоти матбуотии раҳбарони кишварҳо аз баъзе ҷузъиёти мулоқот хабар додаанд.
Ба иттилои даватри матбуотии Кохи Сафед, Ҷо Байден дар ин мулоқот дар баробари масоили дигар, ба ҳимояти давомдори кишвараш аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолиятҳои тавонмандсозии иқтисодии занон таъкид кард ва таваҷҷуҳи ин кишварҳоро ба риоя намудани ҳуқуқи маъюбон ҷалб намуд.
Қабл аз ин мулоқот, созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар изҳороте аз президенти Амрико Ҷо Байден хоста буд, ки дар мулоқот бо роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ вазъи ҳуқуқи инсонро дар ин давлатҳо дар миён гузорад.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 18-уми сентябр дар изҳороте гуфт, ҳамлаи Русия ба хоки Украина таваҷҷуҳро ба минтақаи стратегии Осиёи Марказӣ дубора зиёд кард, вале Ҷо Байден набояд иҷозат бидиҳад, ки ин вазъ ба масъалаи доғи ҳуқуқи башар соя андозад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамвора дар гузоришҳои ниҳодҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар барои риоя накардани ҳуқуқи инсон интиқод мешаванд.
Ҷо Байден ишора кард, ки ҳамкориҳо шомили тақвияти ҳамкориҳои зидди терроризм, афзоиши маблағгузории амниятиии Амрико дар минтақа ва робитаҳои тиҷоратии нав бо бахши хусусии Амрико аст.
Бино ба раисҷумҳури Тоҷикистон, ӯ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон кӯшишҳои кишварҳоро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва дигар масъалаҳои мубрами рушди устувор комилан дастгирӣ мекунад.
“Дар заминаи вазифаи таъхирнопазири пешбурди “иқтисоди сабз” Тоҷикистон ба рушди энергетикаи сабз аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад”, — таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба рушду пешрафти кишварҳо монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад, андешаронӣ кардааст.
Ӯ ҳамчунин доир ба афзоиши чолишҳо ва таҳдидҳо, мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъмини амнияти минтақавӣ, вазъи сиёсии Афғонистон ва ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон сухан ронда, дар ин раванд ҳамкорӣ ва мусоидати шарикони байналмилалиро зарур шуморидааст.