Рубрики Хабарҳо

“Конибодом” дар сари сарбозон гурӯҳбонро ба зиндон бурд

Муҳриддин Исмоилов, гурӯҳбоне (сержант), ки дар сари сарбозон бо тарошидани мӯи онҳо КОНИБОДОМ навишта буд, ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. 

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд ӯро бар асоси моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноятиии Ҷумҳурии Тоҷикистон — “сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад” гунаҳкор донист.

Дар ҳукми додгоҳ зикр мегардад, ки Муҳриддин Исмоилов бо мақсади нишон додани бартарию таванмандии худ  шаъну шарафи наваскаронро паст зада, сари онҳоро тарошидааст.

“Ӯ қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон карда, ба намуди зоҳирии сарбозон таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои  КОНИБОДОМ тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст”, — гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.

Таъкид мегардад, ки номбурда бо мақсади ба дигарон паҳн ва шуҳратманд гардидан, ҳолати паст задани шаъну шараф ва эҳтироми сарбозонро бо воситаи сержанти дигар ба телефони мобилӣ аксбардорӣ намудааст ва аксро баъди аъдои хизмати ҳарбӣ 15-уми июни соли 2023 дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст.

Бояд зикр кард, Муҳриддин Исмоилов тобистони соли ҷорӣ баъди дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шудани аксе, ки дар он дар сари нуҳ аскар якҳарфӣ бо тарошидани мӯйи сар номи «Конибодом» навишта шуба буд, дастгир гардид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *