Рубрики Хабарҳо

Дар сӯхтори бинои Донишгоҳи Хуҷанд посбон гунаҳкор эълон шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш сӯхтор дар бинои Донишгоҳи Давлатии Хуҷандро амдӣ дониста, як сокини 56-солаи Хуҷандро дар он муттаҳам кардааст.

Дар иттилояи гуфта мешавад “санаи 20-уми сентябр тақрибан соати 1:45 дақиқа ба нуқтаи Маркази алоқаи хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд хабар расид, ки дар бинои Донишгоҳи давлатии ш. Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, ки воқеъ дар кӯчаи Шарқ 33 мебошад, сӯхтор сар задааст. Ҳангоми гирифтани хабар аз ҷониби кормандон 11 адад нақлиёти оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд”. 

Ба навиштаи ин ниҳод “ангоми ба ҷои ҳодиса ҳозир шудани кормандон муайян гардид, ки сӯхтор дар бинои таълимии 5 дар масоҳати 400 метри мураббаъ сар задааст. Пас аз хомӯш намудани сӯхтор ҳангоми аз назаргузаронии ҷои ҳодиса аз рӯи характери паҳншавии сӯхтор муайян шуд, ки ин ҳодисаи нохуш қасдан содир шудааст. Дар натиҷаи таҳқиқ ошкор гардид, ки ин кирдори ношоиста аз ҷониби шаҳрванд Ҳайдаров Абдусаттор Ғафурович, сокини ш. Хуҷанд ки соли таваллудаш 1967 мебошад, сар задааст”. 

Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъаш навиштааст ин мард бар донишгоҳ ба ҳайси посбон кор мекардааст. 

Ба гуфтаи ВКД “айни ҳол дар ин хусус тафтишот идома дорад”.

Сабаби ин ки чаро посбон биноеро, ки масъули ҳифозаташ буд оташ задааст, маълум нест. Ҳаҷми хисорот аз сӯхтор низ ҳанӯз муайян карда нашудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *