Рубрики Хабарҳо

Теъдоди генералҳо дар Тоҷикистон зиёд шуд

28- уми декабри соли 2017 президент Эмомалӣ Раҳмон дар “Рӯзи кормандони давлатии амнияти миллӣ” се тан аз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллиро унвонҳои нави генералӣ дод.

Бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон ба муовини аввали раиси КДАМ Мансурҷон Умаров унвони генерал лейтенант, муовини раиси КДАМ Нусратулло Мирзоев ва сардори раёсати КДАМ  дар вилояти Хатлон Шомиддин Шарифов рӯтбаи генерал майор дод.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ яке аз ниҳодҳои қудратманди кишвар ба шумор рафта, ҳама ниҳодҳои дигари кишварро зери фармони худ даровардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *