10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Муҳаммад ибни Салмон: атомӣ шудани Эрон сабаби атомӣ шудани Арабистон мешавад

Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони саудӣ, дар як мусоҳибаи телевизионӣ дар Амрико аз наздик шудан ба тавофуқи оддисозии равобит бо Исроил сухан гуфта ва ҳамчунин ҳушдор додааст, ки атомӣ шудани Эрон сабаби атомӣ шудани Арабистон хоҳад шуд. 

Валиаҳди Саудӣ симати нахуствазирии ин кишварро ҳам дар даст дорад ва аз ӯ ба унвони қудрати аслии ҳукумати ин кишвар ном бурда мешавад. 

Бахши умдаи ин мусоҳиба бо шабакаи хабарии “Фокс нюз”-и Амрико, ки ба забони англисӣ анҷом шуд, ба мавзӯъи оддисозии равобит бо Исроил ихтисос ёфт. 

Муҳаммад ибни Салмон дар посух ба саволе дар мавриди раванди гуфтугӯҳо ба манзури дастёбӣ ба тавофуқ ҷиҳати оддисозӣ ва барқарори равобити дипломатик бо Исроил гуфт “ҳар рӯз ба ин ҳадаф наздиктар мешавем.” 

Аксари кишварҳои арабӣ Исроилро ба расмият намешиносанд ва аз замони ҷанги соли 1967, расман дар ҳолати ҷанг бо ин кишвар ба сар мебаранд. 

Дар соли 2020, чанд кишвари араб бо миёнҷигирии давлати вақти Амрико бо оддисозии равобит ва барқарори равобити дипломатик бо Исроил мувофиқат карданд ва дар моҳҳои ахир гузоришҳое аз талоши Амрико барои тарғиби Арабистони Саудӣ ба иқдоми мушобеҳ мунташир шудааст. Арабистони Саудӣ ва Исроил аз муттаҳидони умдаи Амрико дар Ховари Миёна будаанд. 

Дастёбӣ ба чунин тавофуқ дар ҳоли ҳозир меҳвари аслии сиёсати давлати Амрико дар минтақаи Ховари Миёнаро ташкил медиҳад. 

Аз Арабистони Саудӣ ба унвони кишвари дорои нуфузи густурда дар дунёи араб ва ҳамчунин дар миён кишварҳои мусулмон ном бурда мешавад ва оддисозии равобити ин кишвар ва Исроил метавонад дигар кишварҳои араб ва мусулмонро ба иқдоми мушобеҳ тарғиб кунад. 

Валиаҳди Саудӣ дар мавриди он чи ки барои дастёби ба тавофуқи оддисозии равобит бо Исроил зарурат дорад, гуфт: “масъалаи Фаластин барои мо бисёр муҳим аст ва мо бояд ин бахш аз масъаларо ҳал кунем.” 

Ӯ дар мавриди раванди музокирот ва мавзӯъи Фаластин гуфт, ки “бояд ба ҷое бирасем, ки зиндагӣ барои фаластиниёнро саҳлтар ва Исроилро ба як бозигари фаъол дар арсаи Ховари Миёна табдил мекунад.» 

Муҳаммад ибни Салмон дар айни ҳол таъкид кард, ки “мо то кунун стратегияи хубе дар музокирот доштаем.” 

Ӯ дар бахши дигаре аз ин мусоҳиба ба барномаи ҳастаии Эрон пардохт ва нисбат ба эҳтимоли дастёбии Ҷумҳурии Исломӣ ба таслиҳоти атомӣ ибрози нигаронӣ кард. Мақомоти Эрон ҳамвора талош барои дастёбӣ ба таслиҳоти атомиро рад кардаанд. 

Муҳаммад ибни Салмон дар мавриди эҳтимоли талоши Эрон барои сохти таслиҳоти атомӣ гуфт “ин ҳаракати баде аст” ва афзуд “агар онро ба кор бигиред, низоъи бузурге бо бақияи ҷаҳонро дар пеш хоҳед дошт.” 

Валиаҳди Саудӣ дар посух ба ин савол, ки агар Эрон ба аслиҳаи атомӣ даст ёбад чӣ рӯй хоҳад дод, гуфт “агар онҳо бомби ҳастаӣ дошта бошанд, мо ҳам дастикам ба далоили амниятӣ ва ҳифзи тавозуни қувваҳо дар Ховари Миёна бояд ба он даст пайдо кунем” аммо афзуд “мо намехоҳем шоҳид чунин вазъияти бошем.” 

Аз замони инқилоби исломӣ дар Эрон ва истиқрори ҳукумат ба раҳбарии рӯҳониёни шиъа дар ин кишвар, равобит байни онон ва ҳукумати хонадони салтанатӣ дар Арабистон ғолибан сард ва дар мавридҳое ба шиддат танишолуд буда ва ду кишвар бар сари маҷмӯъае аз масоили минтақае бо якдигар ихтилоф доштаанд. 

Пас аз чанд соли қатъи равобити дипломатик дар пайи ҳамла ба марокизи дипломатики Саудӣ дар Эрон, дар моҳи марти соли ҷорӣ ду давлат бо азсаргирии равобит ва мубодилаи сафир мувофиқат карданд ва ҳамалоти тунди таблиғотӣ ва алфозии мақомоти ҳукуматӣ дар Эрон алайҳи Арабистон мутаваққиф шудааст. 

Бо ин ҳама, ин ду кишвар ҳамчунон рақибони минтақаии якдигар талаққӣ мешаванд. 

Валиаҳди Арабистон дар мавриди аз саргирии равобити дипломатик бо Эрон, ки бо миёнҷигарии Чин ба даст омад, гуфт, ки раванди беҳбуди равобит “оғози хубе дошта” ва ибрози умедворӣ кард, ки ин раванд идома ёбад. 

Дар айни ҳол, Эрон бар идомаи хусумат бо Исроил таъкид дорад ва дар ҷадидтарин изҳори назар дар мавриди талош барои оддисозии равобити Арабистон бо Исроил, Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон, дар мусоҳибаи матбуотӣ дар Ню-Йорк гуфт, ки “ҳар гуна тааҳҳуди амниятӣ ба режими саҳюнистӣ, ба манзилаи ханҷар задан аз пушт ба мардуми Фаластин аст.” 

 Монеъаҳои оддисозии равобит бо Исроил 

Мақомоти Иёлоти муттаҳида таъкид доранд, ки ҳосил шудани натиҷаи ниҳоӣ дар талош барои оддисозии равобит байни Арабистон ва Исроил ҳамчунон дур аз дастрас буда ва монеъаҳое ҷиддӣ ҳамчунон бар сари роҳ аст. Бо ин ҳама, ба гузориши Рейтерз, онҳо ба таври хусусӣ аз умеди ба дастёбӣ ба як тавофуқи муҳими минтақаӣ ва манфиатҳои он сухан мегӯянд. 

Ба гуфтаи онҳо, чунин таҳаввуле аз ҷумла ба маънии ҳазфи як нуқтаи инфиҷори эҳтимолӣ дар муноқишаи арабҳо ва Исроил, тақвияти муттаҳидони Амрико дар баробари Эрон ва муқобила бо талоши Чин барои густариши ҳузур дар минтақаи Халиҷи Форс аст. 

Дар ҳоле, ки Ҷо Байден ба думболи интихоби муҷаддад дар сол оянда аст, чунин тавофуқе ба манзилаи як дастоварди муҳим дар сиёсати хориҷии ӯ маҳсуб хоҳад шуд, ҳарчанд Амрико барои муваффақият дар талош барои оддисозии равобит байни Исроил ва Арабистон бо мушкилот, аз ҷумла хостаҳои Арабистон мувоҷеҳ аст. 

Аз ҷумла гуфта шудааст, ки валиаҳди Арабистони Саудӣ хостори паймоне бо Иёлоти Муттаҳида аст, ки бар асоси он, дар сурати ҳамлаи низомӣ ба Арабистон, аз он кишвар дифоъ кунад ва ҳамчунин хостааст Иёлоти Муттаҳида бо таҳвили силоҳҳои пешрафта ва ҳамчунин кумак ба барномаи ҳастаии ғайринизомии Арабистон мувофиқат кунад. 

Илова бар ин, густариши равобити амниятӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва Арабистон эҳтимолан бо муқовамати намояндагони узви Ҳизби Демократ дар Кунгураи Амрико рӯбарӯ хоҳад шуд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *