Бонки осиёии рушд (БОР) пешгӯияш дар бораи сатҳи таваррум дар Тоҷикистонро барои солҳои 2023 ва 2024 тағйир дод. Дар ин бонк, ки ба тозагӣ, рӯзи 20 сентябр нашр шудааст, таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2023 дар сатҳи 5,5% ва дар соли 2024 — 6% пешбинӣ мешавад.
Қаблан, моҳи апрел БОР дар гузоришаш таваррум ва афзоиши нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳоро дар соли 2023 дар сатҳи 7% ва соли 2024 — 6,5% пешбинӣ карда буд.
Дар гузориши нав зикр мегардад, ки фишори таваррум дар Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ аз пешбинишуда тезтар паст шуда, ба бозбинии пешгӯиҳои таваррум дар солҳои 2023 ва 2024 ба самти поинравӣ водор кард.
“Сатҳи таваррум аз 8,3% дар моҳи июни соли 2022 то ба 2,4% дар моҳи июни соли 2023 якбора коҳиш ёфт”, — навиштаанд мутахассисони БОР.
Таъкид мешавад, ки таваррум бо он ҷилавгирӣ шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми соли 2023 меъёри бозтамвилро ду маротиба коҳиш дод: дар моҳи феврал аз 13,0% то 11,0% ва дар моҳи май то 10,0%.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар нимаи аввали соли 2023 арзи миллии Тоҷикистон — сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ 7,0% беқурб шуда, аммо дар баробари рубли русӣ 11,4% боло рафт.
«Бо дарназардошти ин тағйирот ва сарфи назар аз болоравии пешбинишудаи тарифҳои коммуналӣ, ин навсозӣ пешгӯиҳои таваррумро барои солҳои 2023 ва 2024 коҳиш медиҳад», — гуфта мешавад дар гузориш.
Дар он таъкид мешавад, ки болоравии тибқи нақша пешбинишудаи тарифҳои коммуналӣ дар нимсолаи аввал ба нимаи дуюми соли 2023 мавқуф гузошта шудааст.
Муаллифони гузориш мушаххас накардаанд, ки то поёни соли ҷорӣ қимати кадом хидматрасониҳои коммуналиро боло мебаранд.