Рубрики Хабарҳо

Боз як порахӯр дастгир шуд

Агентии мубориза бо коррупсия аз боздошти як корманди кумитаи замини ноҳияи Деваштич хабар дод. Мустафоқулов Темур, муовини раиси кумитаи замин барои додани замин аз як шаҳрванд 30 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст.

Гуфта мешавад, “Мустафоқулов бо маблағи қаблан гирифтааш қонеъ нагашта, аз шаҳрванд барои ҷудо карда додани қитъаи замин барои сохтмон маблағи 20 ҳазор сомонии дигар талаб карда, аз ин маблағ 13000 сомониашро пешакӣ гирифта, боқимонда 7000 сомониро талаб кардааст”.

Мустафоқулов ҳангоми гирифтани 7000 сомонӣ маблағи дигар аз харидори замин аз ҷониби кормандони Агентии мубориза бо коррупсия дастгир мегардад.

Бино ба иттилои Агентӣ “Оиди ҳолати мазкур нисбати Мустафоқулов Темур бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *