11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР

Дар марзи Афғонистону Покистон тирпарронӣ рух дод

Снайперҳои «Тексрики Толибони Покистон» аз ноҳияи Сирканаи вилояти Кунар ба мавқеъҳои сарбозони покистонӣ тақрибан соати 14:30  тирборон карданд.

Дар посух  артиши Покистон дар минтақаҳои Сирканай ва Нарай, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, ба муқобили ҳамлагарон аз артиллерия зарба зад.

Сокинони як катор дехахои махаллй хабар доданд, ки зарбаи тӯпҳо  ба маҳалли ахолинишин низ зарар расонд.

Кариб 60 cap хайвонот талаф ёфта, оғилхонаҳо хароб гаштанд.

Толибони Афғонистон ба мавқеъҳои артиши Покистон посух доданд.

***

Владимир Чижов, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар Иттиҳодияи Аврупо, эҳтимоли ҳамлаи Русия ба Украинаро  дар рӯзи 16 феврал рад кард.

Вай дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Welt-и Олмон гуфт: «Ман шуморо итминон медиҳам, ки рӯзи чаҳоршанбе ҳеҷ гуна ҳамлае сурат нахоҳад гирифт. Интизор меравад, ки вазъ ҳафтаи оянда, ё моҳи оянда низ ташдид намешавад.»

Чижов афзуд: «Рӯзи чоршанбе дар Аврупо хеле кам ҷангҳое  оғоз шудаанд.»

***

Бритониё нақша дорад, ки то соли 2028 мошинҳои парвозкунандаро ба фурӯш барорад

Як стартапи бритониёӣ намунаи мошини парвозкунандаро бомуваффақият озмоиш кард.

Стартап нақша дорад, ки аввалин мошинҳоро то соли 2028 ба фурӯш барорад. Санҷиши нахустини он имсол дар намоишгоҳи ҳавоии Дубай баргузор шуд ва тибқи маълумоти аввалия, хеле муваффақ буд.

Намунаи аз масофаи дур идорашаванда ба баландии 4 метр мебарояд ва бо суръати 40 километр дар як соат парвоз мекунад.

***

Бельгия ба ҳафтаи 4-рӯзаи корӣ гузашт

Le Soir хабар додааст, бо розигии ҳукумати кишвар, ки қарори мазкурро қабул кардааст, акнун кормандон метавонанд ҳафтаи кори 4-рӯзаро интихоб кунанд. 

Ислоҳот кафолат медиҳад, ки кормандон ҳафтаи 4-рӯзаи кориро интихоб карда, се рӯз истироҳат мекунанд, аммо соати меҳнат дар ҳафтаи чоррӯзаву панҷрӯзаи корӣ яксон мебошад.

Ба гуфтаи нахуствазир Александр де Круи, ислоҳот бояд қонунгузориро ба воқеиятҳои муосир ва тағйироти ахир, аз ҷумла тағйироте, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадааст, мутобиқ созад.

***

РИА Новости навиштааст, ки дар Истанбул шахсони номаълум ба ду нафар занҳои рус бо корд ҳуҷум карданд. Консулгарии Генералии Русия дар шаҳри Фотеҳи Истанбул хабарро тасдиқ кардааст. 

Дар натиҷаи ҳуҷум яке аз занҳо аз сараш захмдор гаштааст, ки ба шифохона интиқол дода шуд. Пулис ҷинояткорро ҷустуҷӯ дорад.

Ҳасан Ҳусейн Юртсевен, шаҳрванди Туркия, ки моҳи сентябри соли 2021 дар Истамбул се сайёҳи русро захмӣ карда буд, моҳи январ ба 36 соли зиндон маҳкум шуд.

***

Додгоҳи Ҳондурас ҳукми боздошти раисиҷумҳури пешини ин кишвар Хуан Орландо Эрнандесро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа содир кард, хабар медиҳад хабаргузории Reuters.

Ба гуфтаи агентӣ, Эрнандес дар рӯзҳои наздик бояд дар назди Додгоҳи олӣ ҷавоб диҳад.

Эрнандес аз соли 2014 раҳбарии Ҳондурас буд ва моҳи январи соли 2022 истеъфо дод. Субҳи 15 феврал пулис ба манзили ӯ дар пойтахти кишвар Тегусигалпа омад. Раисиҷумҳури пешин дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки омода аст аз худ дифоъ кунад.

***

ТАСС бо истинод ба дафтари матбуоти ин созмон хабар медиҳад, ки Украина аз НАТО дар сурати рух додани ҳолатҳои изтирорӣ кумаки байналмилалӣ дархост кардааст.

Тибқи иттилои НАТО, Маркази ҳамоҳангсозии вокуниш ба офатҳои табиӣ рӯзи 15 феврал дархости байналмиллалии Украинаро дарёфт кард.

Марказ барои ҳамоҳангсозии дархостҳо ва пешниҳодҳои иттифоқчиёни НАТО дар сурати рух додани офатҳои табиӣ ва техногенӣ, инчунин расонидани кӯмаки байналмилалӣ масъул аст.

НАТО ҳамчунин гуфт, ки Украина барои кӯмак бо беш аз сад мошини роҳпаймоӣ, таҷҳизоти поксозии минаҳо ва иктишофи радиохимиявӣ дархост кардааст.

***

Дар ду ҳафтаи охир теъдоди мубталоён ба коронавирус дар шаш кишвари Аврупо ду баробар афзоиш ёфтааст. Ҳоло интизор меравад мавҷи пурқуввати «омикрон» ба шарқ ҳаракат кунад. Дар ин бора Ҳанс Клюге, директори минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо рӯзи гузашта хабар дод.

Дар Британияи Кабир як моҳ пеш мизони бемории ҳамарӯза аз 220,000 гузашта буд, ҳоло дар як рӯз тақрибан 40,000-50,000 ҳолати нав ба қайд гирифта мешавад.

Дар Фаронса сатҳи сирояти COVID-19 дар дувуним ҳафта аз 500,000 то 90,000 коҳиш ёфт. Ба ҳамин монанд, дар Италия  шумори мубталоён  тақрибан 4 маротиба коҳиш ёфтааст.

Дар баъзе мамлакатхои Осиё, баръакс, вазъият баръакс аст. Масалан, дар Япония як хафта пеш аз ин шумораи беморихои харруза аз 100 хазор нафар гузашт. Дар Кореяи Ҷанубӣ  90 000 ҳолати нав ба қайд гирифта шуд.

CNN ва Bloomberg: «Боз 7000 сарбози рус

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *