Рубрики Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР

Астероид, ки ба чаҳорбаробари  бурҷи Эйфел бузургтар аст, рӯзи 4 март аз  наздикии Замин парвоз хоҳад кард

ТАСС хабар додааст, астероиде,ки қутраш 1,3 километрро ташкил медиҳад, рӯзи 4 март аз назди сайёра беш аз 4,8 миллион километр дуртар мегузарад ва бо Замин бархӯрд намекунад, ки ин аз масофаи байни Моҳ ва сайёраи мо 10 маротиба зиёдтар аст.

Дар саҳифаи Telegram-и Роскосмос низ омадааст: «Қутри объекти кайҳонӣ тақрибан 1,3 километрро ташкил медиҳад, ки аз бурҷи Эйфел чор маротиба баландтар аст. Интизор меравад, ки астероид рӯзи 4 март ба наздикии сайёра парвоз кунад”

Яъне ҷойи хавотирӣ надорад.

***

Олимон дар майнаи шифоёфтагон аз вируси Эбола  вируси хатарноктареро пайдо кардаанд

Донишмандони Пажӯҳишгоҳи тиббии бемориҳои сироятии артиши ИМА муайян кардаанд, ки пас аз муолиҷаи вируси Эбола, сироят метавонад дар мағзи сар ва дигар узвҳои бадан ба муддати тӯлонӣ боқӣ бимонад.

Тадқиқот дар маймунҳо нишон дод, ки вирус дар бадани онҳо фаъол аст ва он метавонад дубора сироят кунад. 

Муҳаққиқон муайян карданд, ки тақрибан 20 дарсади маймунҳое, ки аз вируси Эбола зинда мондаанд, дар мағзи сарашон сирояти доимӣ доранд. Коршиносон мегӯянд, ки он метавонад боиси илтиҳоби шадид ва марги ҳуҷайра гардад. Дар ду маймун, ки  дар тадқиқоти такрорӣ  табларзаи геморрагӣ бо аломатҳои вазнини клиникӣ мушоҳида карда шуд, ки боиси марги ҳайвонот гардид, ба ѓайр аз маѓзи сар сироят ба ягон узв таъсир накардааст.

Қайд карда мешавад, ки чунин ҳолатҳо дар одамон низ мушоҳида шудааст. Масалан, як ҳамшираи бритониёӣ пас аз 9 моҳ аз Эбола шифо ёфт ва менингоэнцефалит (илтиҳоби мағзи сар) шуд, дар ҳоле ки бемори дигаре, ки бо антителоҳои моноклоналӣ муолиҷа шуда буд, боиси сирояти вирус ба одамони дигар гардид ва пас аз 6 моҳ даргузашт.

Ба гуфтаи олимон, ҳамаи ин аз зарурати назорати дарозмуддати беморон, ҳатто агар онҳо аз табларзаи геморрагикӣ шифо ёфта бошанд, шаҳодат медиҳад.

***

Дар Чин автобус таркид

Дар як автобус дар Шенян (шимолу шарқи Чин, маркази вилояти Ляонин) таркиш рух дод. Чунон ки газетаи «Хуанжу Шибао» хабар медихад, якчанд нафар мусофирон ярадор шудаанд.

Таркиш соати 17:52 ба вақти маҳаллӣ вақте рух дод, ки автобус дар чорроҳаи хиёбони Ҳуанхе Датсзе ва кӯчаи Ниншанлу дар ноҳияи Ҳуанг қарор дошт.

Дар натиҷаи таркиши пурқувват дар салон шиддати мавҷи ҳаво тирезаҳоро шикаста, ба кузови автобус осеб расонд. Ба гуфтаи пулис, як нафар кушта ва 42 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

***

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, рӯзҳои 14-15 феврал аз Имороти Муттаҳидаи Араб боздид мекунад. Дар бораи ин сафар Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳаён, валиаҳди Абу-Даби дар ҷараёни музокирот дар моҳи ноябри соли гузашта дар Анқара мувофиқа шуда буд.

Раҳбари Туркия аз Абу-Даби ва Дубай боздид мекунад. Вай дар чаҳорчӯби Намоишгоҳи ҷаҳонии Дубай Expo дар Рӯзи миллии Туркия ширкат хоҳад кард. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо имзои як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ дар назар аст.

Бино ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи омори Туркия, ҳаҷми муомилот байни Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соли 2021 нисбат ба соли қаблӣ 9% коҳиш ёфта, 7,5 миллиард долларро ташкил додааст. Баландтарин қуллаи табодули коло миёни ду кишвар дар даҳсолаи ахир ба соли 2017 рост меояд — 14,7 миллиард доллар.

Муносибатҳои Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб тайи чанд соли ахир сард буд. Сафари валиаҳди Абу Дабӣ Муҳаммад ибни Зайд ал-Наҳён ба Туркия дар 24 ноябри соли 2021 ба ин сардӣ нуқта гузошт.

***

Дар Маскав панҷ муҳоҷири узбак зери девор монданд

Се қисмати мобайнии девори бетонии як маркази савдои канори роҳ дар деҳаи Селятино фурӯ рехт. Дар ин бора рӯзи ҷумъа ба ТАСС дафтари матбуоти Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар вилояти Маскав хабар дод.

Дар натиҷаи чаппа шудани девор  ду нафар аз зери харобаҳо берун бароварда шуданд, наҷотдиҳандагон ду нафари дигарро  ҷустуҷӯ доранд. Кори воҳидҳои оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ дар ҷои ҳодиса идома дорад.

«Маълум шуд, ки ҳангоми фурӯ рехтани девор ду нафар кушта шудаанд», — гуфт як манбаъ дар хадамоти изтирорӣ.

Манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки шумори захмиён ба 3 нафар расидааст ва вазъи онҳо мушаххас мешавад.

***

Манъи пӯшидани рӯймол дар мактабҳои аёлати Карнатакаи Ҳиндустон дар шаҳри Карочии Покистон боиси эътирози донишҷӯёни мусалмон шудааст.

Донишҷӯёни сершумори покистонӣ дар даст шиорҳои навиштаҷоти «Пӯшидани рӯймол ҳуқуқи мост» доштанд ва шиорҳоеро талаффуз доштанд, ки  изҳори ҳамраъйӣ бо донишҷӯёни мусалмон дар  кишвари Ҳиндустонро мефаҳмонад.

***

Гурчистонро заминларзаи сахт такон дод

Дирӯз дар Гурҷистон заминларзаи 6,2 дараҷаӣ рух дод.

Бино ба маълумоти Маркази миллии мониторинги сейсмикӣ, маркази заминларза дар ҷануби Гурҷистон, дар наздикии деҳаи Самеба (дар сарҳади минтақаҳои Квемо-Картли ва Самтхе-Ҷавахетӣ) будааст.

Ба иттилои ин марказ, заминларза соати 22:25 ба вақти Тифлис  рух додааст. Зилзилахо пай дар пай буданд, вале баъд суст шуданд.

Дар бораи хисорот ва хисороти ҷиддӣ дар минтақаи зилзила гузорише нест.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *