Афзоиши тиҷорат бо ҳамсоягони осиёӣ, пули Афғонистонро ба садри рутбабандӣ дар ҳоли рушдкунандатарин арзҳои ҷаҳонӣ дар се моҳаи севуми 2023 расондааст; Ҷойгоҳи ғайриоддӣ барои кишвари фақир бо яке аз бадтарин корномаҳо дар заминаи ҳуқуқи башар.
Толибон дар тӯли ду соле, ки қудратро дар Афғонистон қабза карданд, маҷмӯае аз иқдомотро барои ҷилавгирӣ аз суқути арзи миллии афғонӣ дар муқобили доллари Амрико дар дастури кори худ қарор доданд: мамнуъияти истифода аз доллар ва рупияи Покистон дар муомилоти маҳаллӣ, ташдиди маҳдудиятҳо дар баробари хурӯҷи арз аз кишвар, ғайриқонунӣ кардани тиҷорати онлайн ва бархӯрди шадиди маъмурӣ бо нақзкунадагони ин қавонин ва маҳдудиятҳо.
Додаҳои гирдоваришуда тавассути Блумберг нишон медиҳад, ки маҷмӯъаи иқдомоти Толибон мӯҷиб шуда то қурби пули афғонӣ дар муқобили доллар тайи се моҳаи севуми соли ҷорӣ ҳудуди 9 дарсад афзоиш ёбад ва аз рушди 3 дарсадии песои Колумбия пешӣ бигирад.
Бар пояи бароварди Блумберг, қурби афғонӣ тайи соли гузашта низ ҳудуди 14 дарсад рушд доштааст ва пас аз арзҳои Колумбия ва Шри-Ланка, дар ҷойгоҳи севумини арзи ҷаҳонӣ қарор гирифта, шоҳиди рушди арзиш дар муқобили доллари Амрико будаанд.
Бо ин вуҷуд, иқтисоди Афғонистон шароити хуберо сипарӣ намекунад. Мутобиқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, бекорӣ бедод мекунад, ду севуми хонадонҳо барои таъмини талаботи асосӣ бо мушкили мувоҷеҳ ҳастанд ва таварруми афзоянда то поёни соли ҷорӣ ҷойи худро ба рукуди иқтисодӣ медиҳад.
Анвита Басу, раиси бахши риски кишварҳои аврупоӣ дар муассисаи БМИ (BMI) дар Лондон ба Блумберг гуфт: “маҳдудиятҳои ташдидшуда дар муомилоти арзӣ ва беҳбуди бисёр тадриҷӣ дар тиҷорати хориҷӣ, тақозо барои афғониро афзоиш медиҳад.” Бо ин ҳол, ӯ пешбинӣ кард, ки афғонӣ то поёни сол дар сатҳи феълӣ тасбит шавад.
Як арзи қавитар ба вижа дар шароите, ки қимати ҷаҳонии нафт ба самти 100 доллар пешравӣ мекунад, метавонад ба пешгирии фишори таваррум дар иқтисоди вобаста ба воридоти нафт кумак кунад.
Созмони милали муттаҳид баровард кардааст, ки Афғонистон дар соли ҷорӣ ба ҳудуди 3.2 миллиард доллар кумак ниёз дорад аммо тибқи гузориши сервиси радёбии молии ин созмон, ҳудуд 1.1 миллиард доллар аз ин рақам то кунун дарёфт кардааст.
Давлати Толибон, ки бо камбуди нақдинагӣ мувоҷеҳ аст, ба думболи ҷазби сармоягузорӣ дар манобеъи ғании кишвар аз ҷумла литиум аст, ки арзиши он ба таври куллӣ то 3 триллион доллар тахмин зада мешавад. Чанд ширкати чинӣ, бритониёӣ ва туркиёӣ дар қолаби қарордодҳое ба арзиши 6.5 миллиард доллар, ки дар моҳи ҷории имзо шуд, барои истихроҷи маодини оҳан, санги маъдан ва тилло мушорикат карданд. Толибон ҳамчунин дар моҳи январ қарордодеро бо як ширкати чинӣ барои истихроҷи нафт имзо кард.
Дар моҳи май, Чин ва Покистон ҳамчунин тавофуқ карданд, ки тарҳи камарбанд ва ҷодаро ба Афғонистон густариш диҳанд ва миллиардҳо долларро барои такмили пружаҳои зербиноии мавриди ниёз ҷазб кунанд.
Ҷорӣ шудани долларҳои қочоқ аз Покистон ба Афғонистон низ дар моҳҳои гузашта ба Толибон кумак кардааст. Чунон чи Бонки Марказии ин кишвар, тақрибан ҳар ҳафта 16 миллион доллар арз ба бозор рехтааст.
Бо вуҷуди равонтар шудани ҷараёни нақдинагӣ, вазъияти инсонӣ ва чашмандози молӣ дар Афғонистон ҳамчунон вахим аст. Ба тавре, ки Созмони милал ҳушдор дода, ки агар кумакҳои хориҷӣ имсол 30 дарсад коҳиш ёбад, даромади саронаи мардуми Афғонистон ба 306 доллар коҳиш меёбад, ки 40 дарсад поинтар аз сатҳи соли 2020 хоҳад буд.
Анвита Басу дар поён хотирнишон кард: “воқеият ин аст, ки суботи нархи арз бисёр мутаасир аз суботи сиёсӣ аст.”
Гуфтанист, ҳар доллари Амрико рӯзи сешанбе дар муқобили 78.25 афғонӣ мубодила шуд. Ин нарх дар оғози июл 87.5 афғонӣ буд.