Рубрики Хабарҳо

Иҷораи худравҳои барқӣ дар Фаронса бо 100 евро дар моҳ

Фаронса барои коҳиши олундагии ҳаво қасд дорад худравҳои барқиро барои қишрҳои васеъ аз мардум дастрас созад. Гуфта шуда бар асоси ин тарҳ, шаҳрвандони камдаромад метавонанд аз соли оянда бо пардохти 100 евро худравҳои барқӣ иҷора кунанд. 

Давлати Фаронса тасмим дорад бо иҷрои тарҳе дар ин кишвар дар ростои ҳифозат аз муҳити зист ва буҳрони об ва тағйироти иқлимӣ дар ҷаҳон, ба афроди камдаромад низ ин имконро бидиҳад, то битавонанд аз худравҳои барқӣ истифода ва аз соли оянда моделҳои мухталифи худравҳои барқиро бо ҳадди ақал 100 евро дар моҳ иҷора кунанд. 

Барои иҷроӣ шудани ин тарҳ хонаводаҳои камдаромад ба зудӣ ба барномае таҳти унвони “иҷораи иҷтимоӣ” дастрасӣ хоҳанд дошт то аз тариқи он битавонанд кори иҷораи худрави барқиро анҷом диҳанд. 

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, ки ин хабарро дар суханроние бо меҳварияти “стротежики ҳифозат аз муҳити зист” эълом кард, гуфтааст, ки албатта ин мавзӯъ танҳо дар мавриди худравҳои тавлидшуда дар Аврупо сидқ мекунад. 

Интизор меравад теъдоди худравҳои барқии тавлидшуда дар Фаронса то соли 2027 ба як миллион худрав дар сол афзоиш ёбад. 

Дар ҳоле, ки қарор аст ёронаи худравҳои барқӣ аз соли оянда бо даҳҳо ҳазор худрав дар Фаронса оғоз шавад, дар Олмон, пардохти ёрона ба харидорони худравҳои барқӣ дар аввали сентябри соли ҷорӣ поён ёфтааст. 

Албатта дар ин бора эътирозоти густурдае дар Олмон шакл гирифта, барои мисол Кристян Роиника, раиси клуби автомобилронии Олмон ADAC аз давлат хостааст, бо ёронаи худравҳои барқӣ ба шаҳрвандон, дар хариди ин худравҳо саҳим бошад. 

Аз сӯи дигар Макрон эълом кардааст, ба манзури тарвиҷи тағйири худрав ба ҳамлу нақли умумӣ, шабакаи ҳамлу нақли сареъ дар 13 минтақаи шаҳрӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Барои иҷро шудани ин тарҳ 700 миллион евро дар назар гирифта шудааст. 

Раисҷумҳури Фаронса дар нишасти вазирон дар Кохи Элиз эълом кардааст, “бояд мардумро ташвиқ кард то аз худравҳои шахсӣ ба васоили ҳамлу нақли умумии камоланда рӯ биоваранд.» 

Аз дигар барномаҳои ояндаи Фаронса барои тарвиҷи истифода аз маҳсулоти пок ва паёмадҳои тағйироти иқлимӣ, ки Макрон аз он хабар додааст, метавон ба талош барои адами истифода аз сӯхтҳои фусилӣ (ихроҷшаванда) ва коҳиши интишори газҳои гулхонаӣ низ ишора кард. 

Фаронса мутааҳҳид шудааст, ки интишори газҳои гулхонаиро то соли 2030 то 55 дарсад коҳиш диҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *