Рубрики Хабарҳо

Русҳо ҳаракат аз рӯи пули Кримро боздоштанд

Мақомоти Русия эълом карданд, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пули Кримро субҳи чаҳоршанбе 27 сентябр мутаваққиф карданд. Ин иқдом ғолибан ба далели ҳамалоти паҳподӣ ё мушакии Укроин ба иҷро гузошта мешавад. 

Укроин аз замони оғози таҳоҷуми низомии Русия, Кримро ҳадафи ҳамалоти худ қарор медиҳад, аммо ҳамла ба таъсисоти низоми ин нимҷазираи ғасбшуда, ахиран дар ростои эъломи тасмими Киев барои бозпасгирии Крим ташдид шудааст. 

Ҳамзамон, мудири маркази матбуотии гурӯҳи неруҳои Ғарби Русия чаҳоршанбе эълом кард, ки тӯпхонаи Русия, маркази нигаҳдории муҳиммоти неруҳои укроиниро дар атрофи Купянск таркондааст. 

Аз сӯи дигар мақомоти укроинӣ рӯзи гузашта аз пешравии қатъӣ дар амалиёти зиддиҳамлаи Киев, ки аз се моҳ пеш оғоз шуда, хабар доданд. 

Сухангӯи неруҳои шарқи Украина, ба телевизиони миллии ин кишвар гуфт, ки неруҳои укроинӣ дар рустоҳои наздики Баҳмут, шаҳри аслин, ки неруҳои русӣ дар моҳи май пас аз сангинтарин набардҳо, онро тасарруф карданд, ба муваффақият даст ёфтанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *