“Аллоҳ бар моли доштаат ҳам, бар моли бахшидаат ҳам, баракат ато фармояд” – Ин дуои расули акрам (дуруди Худованд нисорашон бодо) бар Абдурраҳмон Ибни Авф аст.
Абдурраҳмон Ибни Авф дар қатори ҳашт нафари бар ислом аввалин вурудшудагон аст. Аз ҷумлаи даҳ нафар саҳобагонест, ки башорати биҳиштӣ буданаш дода шуда буд. Яке аз шаш нафар аъзоёни шӯъро буд, ки баъди Умар ибни Хаттоб ҳуқуқи интихоби халифаро дошт. Замони дар қайди ҳаёт будани Расулаллоҳ (дуруди Худо) дар Мадина якчанд нафар бузургон ҳаққи фатво доштанд, ки яке Абдурраҳмон ибни Авф аст. Номи ин марди бузург дар замони ҷоҳилият Абдуамр буд, чун вуруди дини муборак гардид, номашро ҳазрати паёмбар (дуруди Аллоҳ бар олу асҳобашон) Абдурраҳмон гузоштанд.
Баъди ду рӯзи ислом пазируфтани Абӯбакри Сиддиқ, Абдурраҳмон ибни Авф ба ин бахт мушарраф гардида, дар роҳи Аллоҳ мисли дигар саҳобагони киром азияти зиёде кашида, аммо дар дин содиқ монда, сабурӣ пеша карда, имони худро собит сохтааст. Зиёде аз мусалмонон дар он давраҳои пурталотум ба хотири ҳифзи дини мубин ба Ҳабашистон ҳиҷрат пеш гирифта буданд. Паёмбари Худо (дуруд бар равонашон) баҳри тақвияти ҷамъияти мусалмонон миёни муҳоҷирону ансориён пойдории дӯстиву рафоқатро таъкид намуданд ва Абдурраҳмон ибни Авфро бо Саъд ибни Рафеъ ал-Ансорӣ бародарон гуфта эълон карданд. Он гоҳ Саъд ба Абдурраҳмон хитоб намуду гуфт: “Дар Мадина аз ҳама сарватмандам. Ду боғи бузург, ду оила дорам. Агар боғҳоямро бубинӣ ва якеро писандӣ, бароят тақдим мекунам. Абдурраҳмон ба бародари ансории худ барои муруваташ миннатдорӣ кард, аммо роҳи тиҷорат пеш гирифту бо заҳмати худ, бо роҳи ҳалоли савдо сармояе ҳам ҷамъ карду оиладор ҳам шуд.
Вақто домод буду бо таровати атр пеши Расули акрам (дуруд бар равонашон) ҳозир шуд, он ҳазрат бо тааҷҷуб сӯяш нигаристанд. Абдурраҳмон бо ҳаёи хос гуфт: “Оиладор шудам”
Он гоҳ ҳазрат дуояш доданд
- Аллоҳ бар молат баракат физояд!
Он чуноне, ки худи Абдурраҳмон мегӯяд, баъди дуои мазкур гӯё сарвати дунё худ аз пасаш буд ва ҳар санги зери пояш пешомадаро мебардошт, зераш дурре пайдо буд.
Давраҳое вазнин ва имтиҳонӣ буд барои мӯъминон. Дар ҷанги Бадр қаҳрамониҳову корнамоиҳои зиёде нишон дод ва душмани ашаддии дини мубин Умайр ибни Усмонро бар хок яксон кард. Дар ҷанги Уҳуд, ки гӯё замин зери пойи мусалмонон амонат бошад, ба ларза омада буд, бархеву бисёре майдонро тарк гуфтанд, аммо Абдурраҳмон дар қатори устуворон боқӣ монд. Зиёда аз бист ҷароҳат дар тан аз ҷанг баромад. Талафоти майдони муҳориба бисёр буду барои харидории аспу аслиҳаву ғизои аскарон ба маблағ эҳтиёҷ пайдо шуд. Абдурраҳмон ибни Авф аввалин шуда пеш баромаду гуфт: Чор ҳазор динор дорам. Ду ҳазораш барои фарзанду хонадонам боқӣ монад, ду ҳазорашро дар роҳи Аллоҳ мебахшам.”
Ин лаҳза Паёмбари киром (дуруди Худо нисорашон) гуфтанд : “Аллоҳ бар моли доштаат ҳам, бар моли бахшидаат ҳам, баракат ато фармояд”
Абдурраҳмон ибни Авф таъсири дуои баракати он ҳазратро тамоми умр эҳсос мекард. Миёни саҳобагон сарватмандтарин нафар буд ва дар тиҷорат ба пешравиҳои гӯшношуниде ноил гардид. Силсилаи корвонҳои ба ӯ тааллуқдошта тез-тез ба Мадина ҳомили ғалладонагиҳо, орду равған, либосу зарфи рӯзгор, атриёту дигар лавозимоти маишӣ меомаданд. Маводи аз мардуми Мадина зиёдатиро ба хориҷи кишвар содир мекарданд. Боре корвони Абдурраҳмон иборат аз ҳафтсад шутури пур бо молиёти баҳри мардумон зарур баргашт. Садои зангӯлаи корвони ҳафтсадшутура бо шутурони зери бор монда дар тамоми шаҳр танин андохт. Ин овозро шунида, ҳазрати Оиша (Худо розӣ бошад) пурсиданд: “Ин чӣ шавқу шӯрест?” Ба он кас посух доданд, ки корвони Абдурраҳмон ибни Авф бо ҳафтсад шутури сартопо ҳомил баргашт. Модари мӯъминон Оиша гуфтанд:” Аллоҳ бар дунёи ӯ баракат додааст, аммо бар охираташ аз ин ҳам бештар савоб аст”
Дар ҳақиқат, Абдурраҳмон ибн Авф ниҳоятан инсони дасткушоду сахӣ буд. Молашро аз касе дареғ намедошт, ба пурсида омадаҳо ошкору бебаркаш медод ва барои онҳое, ки нодоранд, аммо аз талабидан мешарманд, пинҳонӣ мефиристод. Он чӣ бо дасти рост мебахшид, дасти чапаш бехабар мемонд. Як сафар чил ҳазор динор тангаи нуқра садақа кард ва аз паяш ба мӯҳтоҷони шаҳр чиҳил ҳазор тангаи тилло ҳам тақсим намуд. Боре барои сарбозоне, ки дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод мекарданд, панҷсад сар асб инъом карда буд. Маротибаи дигар қабл аз ҷанг бо якуним ҳазор шутур таъмин намуда буд.
Абдурраҳмон ибн Авф дақиқаҳои охирини умраш васият кард, ки барои ҳар як иштирокчии ҷанги Бадр, ки сад нафар буданд, чаҳорсад динорӣ аз хазинааш диҳанд. Инчунин ҳамаи зердастонашро озодӣ бахшид. Барои модари мӯъминон ҳазрати Оиша низ молиёти беандозае васият карда буд, ки он ҳазрат (Худо розӣ бошад) дар ибодоташон дуо мекарданд : “Аллоҳ аз чашмаи Салсабил серобаш гардонад”
Ғайри ин ҳама мурувату бахшоишаш, бар насли давоми худ молу дунёии бешуморо аз хеш боқӣ гузошта рафт. Аз рӯйи тарзи тақсимоти фармудаи Қуръон баъди васияти ӯро ба ҷо овардан, боз ба ҳар чор нафар завҷаи Абдурраҳмон ибни Авф ҳаштсад ҳазор динорӣ ва бар ворисон аз он ҳам бисёртар мерос расида буд. Бе ҳеч шакку шубҳа ин ҳама давлату дунёӣ аз дуои Расули Худо (дуруд бар равонашон) нисбати Абдурраҳмон афзуда буд ва туфайли дуо баракати дунёву охираташ зиёда гардид.
Як нуктаро ҳам бояд қайд кунем, ки ин ҳама сарвати бепоён ҳаргиз Абдураҳмонро мафтуни дороии дунёӣ карда натавонист ва ҳаргиз аз роҳи имон қадаме берун нагузошт. Мардум ӯро дар байни зердастонаш бинанд, ҳаргиз ҷудо карда наметавонистанд, ки кадоме роҳбару кадоме коргар аст.
Боре рӯзадор буду барои ифтор таомаш оварданд, аммо даст бар таом бурда истода гуфт:
– Мусъаб ибн Умайр вафот кард, ҳол он ки аз ман хеле беҳтар буд. Барои кафанаш порае мато базӯр пайдо карда будем, ки сарашро печонем, пояш намудор мегардид. Баъди ӯ ин миқдор дунёӣ муяссарамон шудааст. Метарсам, ки Аллоҳ бо ҳамин дороиамон мурувати дар охират мекардаашро кам нагардонад. Баъдан сари дастурхони ифтор зор-зор гирист. Аз таом як луқма ҳам натавонист, тановул кунад. Сарвари ростқавлони ҷаҳон Муҳаммади Мустафо (дуруд бар равонашон) бар Абдурраҳмон ибни Авф башорати биҳишти аднро дода буданд. Ба манзили вопасин ӯро бо роҳбарии писартағои паёмбарамон (дуруди Худо нисорашон) Саъд ибни Абу Ваққос як гурӯҳи бузурги мусалмонон гуселониданд. Миёни азодорони ҷанозааш ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб ҳам буданд ва гуфтанд: “Ту миёни ин уммат яке аз бузургворонаш будӣ. Аллоҳ раҳматат кунад!”