Се шаҳрванди Ӯзбекистонро дар шаҳри Санкт Петербурги Русия бо зарби силоҳи травматикӣ захмӣ кардаанд
Дар ин бора Вазорати умури Хориҷаи Ӯзбекистон хабар дода навиштааст, ин ҳодиса аз паи задухурди оммавӣ ба амал омадааст.
Дар хабар омадааст, ки “Рӯзи 16 август дар паи задухӯрди оммавӣ дар ноҳияи Фрунзенскии Санкт-Петербург, се шаҳрванди Узбакистон аз тири силоҳи травматикӣ захмӣ шуданд”.
Тибқи иттилои манбаъ, яке аз захмишудагон дар беморхонаи ёрии таъҷилии Ҷанилидзе қарор дошта, аҳволаш вазнин арзёбӣ мешавад.
Мақомоти қудратии Русия дар паи ин ҳодиса парванда боз кардаанд ва мегӯянд тафтишот дар ин самт идома дорад.
Ёдрас мешавем, чанде пеш муайян шуд, ки шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистон, бештар аз дигар муҳоҷирон дар Русия қоидаҳои муҳоҷиратро нақз мекунанд.
Аз авоили соли 2019 инҷониб мақомоти Русия ҳазорон муҳоҷирони ғайриқонуниро аз ҳудуди Русия ихроҷ кард.