Рубрики Хабарҳо

Раҳмон аз хатари Афғонистон гуфт, Мирзиёев аз ҳамкорӣ бо он

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Мулоқоти панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод кард, ки барномаи якҷояи ҳифзи марзҳои Осиёи Марказӣ таҳия шавад.

“Мо пешниҳод мекунем, ки ба таҳияи барномаи байнидавлатӣ оид ба ҳифз ва таҳкими сарҳадҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ кунем”, — гуфт раиси ҷумҳури Ӯзбекистон.

Ба гуфтаи ӯ, идомаи машқҳои муштарак барои санҷиши сенарияҳо ва муқовимат бо таҳдидҳои анъанавӣ ва нави амниятӣ муҳим аст.

“Мо зарур мешуморем, ки системаи минтақавии пешгӯӣ, огоҳии барвақт ва вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулода ташкил карда шавад. Вазъ дар Афғонистон яке аз омилҳои калидӣ боқӣ мемонад, ки бевосита ба амният ва субот таъсир мерасонад”, — таъкид кард Мирзиёев.

Ин пешниҳоди раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҳоле садо дод, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот аз “афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои гуногуни террористӣ дар Афғонистон” изҳори нигаронӣ намуда, иддао кард “солҳои охир мо ба кӯшишҳои рахна ва убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни террористӣ дучор шудаем”. 

Раҳмон ба ҳамчунин гуфт “чанде пеш мо аз ду кӯшиши рахна кардани сарҳад пешгирӣ кардем”. Зоҳиран ишораи Раҳмон ба иддаои қаблии КДАМ мабнӣ бар “безараргардонии” се узви Ансоруллоҳ жар ноҳияи Дарвоз аст. 

Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Тоҷикистон иддао кард “онҳо анҷоми як силсила амалҳои террористӣ дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистонро ба нақша гирифта буданд”. Ин иддаои ӯ дар ҳолест, ки он се нафар ба гуфтаи КДАМ дар задухӯрд бо нерӯҳои марзбонии ин ниҳод кушта шуданд ва маълум нест Раҳмон идааои нақшаи амалиёти террористӣ дар Душанбе доштани онҳоро аз куҷо муайян кардааст. КДАМ ва ниҳодҳои дигари қудратӣ низ чунин иддаое накарда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба афзоиши ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ишора кард: “Соли гузашта танҳо мақомоти салоҳиятдори кишвари мо дар марз бо Афғонистон ҳудуди 5 тонна маводи мухаддирро мусодира карданд. Ин нисбат ба соли 2021 22 дарсад зиёд аст. Дар ин шароит мо бояд якҷо ва дастаҷамъона кор кунем”.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, “амният муҳимтарин шарти татбиқи бомуваффақияти нақшаву тааҳҳудоти муштараки созанда аст”.

Дар ҳоле, ки Раҳмон ба хатарот аз ҷониби Афғонистон ишора мекард, раисҷумҳури Ӯзбекистон гуфт муколамаи доимӣ ва ошкоро бо мақомоти кунунии Афғонистон ва ҳамгироии ин кишвар ба ҳамкориҳои иқтисодии минтақа муҳим аст.

Ӯ гуфт, ки кишвараш ният дорад, ки ба мардуми Афғонистон кӯмаки лозимиро расонад.

Рӯзи аввали мулоқоти панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе бо пешниҳодҳои гуногуни раисҷумҳурҳо ба поён расид. Қарор аст сарони 5 кишвари ОМ ва Озарбойҷон имрӯз ба гуфтушунидашон идома диҳанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *