Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод гурӯҳҳои ҳукуматии таъйини хати марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйину аломатгузории чанд километри дигари марз ба мувофиқа расидаанд. Дар ҳамин ҳол тӯли он ва дар куҷои марзи байни ду кишвар қарор доштани хати навтаъйиншуда маълу нест.
Тибқи иттилоъи ВКХ, дар шаҳри Душанбе гурӯҳҳо д рӯз дар бораи таъйину нишонагузории гӯшаҳои баҳбсарангези сарҳади ду кишвар гуфтугӯ кардаанд. Музокироти ду ҳайат аз 5 то 11 июн ҷарайн гирифта ва он “дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор” шудааст. Аз ин бештар маълумот ироа намешавад.
Гуфта мешавад, музокироти ҳайатҳо ин дафъа дар Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.
Аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон каме бештар аз 600 километри он таъйину нишонагузорӣ шудааст, аммо 300 километри боқимонада сабаби низову кашмакашҳои ҳамешагӣ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша мебошад.