Рубрики Хабарҳо

Mirror: Путин мубталои саратон аст

Як расонаи англисӣ иддао кард, ки раисиҷумҳури Русия ба бемории саратон мубтало шуда ва авоили соли 2020 таҳти амали ҷарроҳӣ қарор гирифтааст.

Рӯзномаи англисии «Mirror» муддаӣ шуда, ки раиси ҷумҳури Русия нишонаҳое аз бемории саратони паркинсон доштааст.

«Mirror» ба нақл аз Валерий Соловей, раиси пешини Муассисаи равобити байналмилали Маскав навиштааст, ки Владимир Путин дар моҳи феврали имсол ба далели ибтило ба бемории саратон ҷарроҳӣ шудааст.

Ҳамчуниин нашрияи “The Sun”-и Англия   пеш аз ин низ ба нақл аз бархе манобеъ муддаӣ шуда буд, ки Путин ба бемории паркинсон мубтало шуда, қарор аст дар моҳи январи соли 2021 аз симати худ канорагирӣ кунд.

Ин нашрия муддаӣ шуда буд, раисиҷумҳури Русия дар миёни нигарониҳо дар хусӯси гирифториаш ба бемории паркинсон дар моҳи январ аз симаташ канорагирӣ хоҳад кард.

Бо ин вуҷуд Димитрий Песков, сухангӯи Кремл иддаои ин нашрияи англисӣ дар бораи бемории раисиҷумҳури Русия ва нияти истеъфояшро рад кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *