41 дарсади хонаводаҳои тоҷик баъди шурӯъи бӯҳрони бавуҷудомада аз вируси коруно истеъмоли хӯрокро камтар кардаанд. Дар ин бора Бонки ҷаҳонӣ дар як , ки имрӯз, 20 ноябр нашр шудааст, иттилоъ медиҳад.
Ҳамчунин дар ин гузориш гуфта мешавад 80% хонаводаҳое, ки аз интиқоли пулӣ аз хориҷ вобастаанд, онро танҳо барои хӯрок ва маводи дигари зарурати аввалия масраф мекунанд.
Муаллифони ин таҳқиқ мегӯянд Тоҷикистон ҷузъи кишварҳоест, ки бештар аз ҳама дар ҷаҳон ба интиқоли пули муҳоҷирон вобастагӣ дорад ва аз бӯҳрони вобаста ба COVID-19 бо шиддат зарба хӯрдааст.
Тибқи ин таҳлил 20%-и хонаводаҳо бинобар камбизоатӣ ба хадамоти тиббӣ дастрасӣ надоранд ва бо шурӯъи коруно аз муроҷиъат барои дарёфти он худдорӣ мекунанд.
Ба гуфтаи муаллифони таҳқиқ бештар аз ҳама кӯдакон зарар мебинанд. “Мисли ҳар бӯҳрони дигар, натиҷаи ин бӯҳрон низ бори дӯши хонаводаҳои камбизоатро вазнинтар мекунад ва кудакон бештар аз ҳама зарар мебинанд — сатҳи камбизоатӣ байни кӯдакон бештар аз дигар гурӯҳҳои демографӣ мебошад” — омадааст дар таҳқиқ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик ҳамеша аз камшавии сатҳи камбизоатӣ дар кишвар лоф мезананд. Чанд рӯз пеш Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон даъво кард: “сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 2000 то ба 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш ёфт”. Ӯ гуфт “пешрафти босуботи иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум дар заминаи фароҳам овардани низоми иқтисоди бозаргонӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, хусусан, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун таъмин гардидааст”.
Албатта мақомоти Тоҷикистон ироаи омори дурӯғ ва рақамбозиро дӯст медоранд ва намешавад ба гуфтаҳои онҳо бидуни таҳқиқ бовар кард. Барои мисол Завқизода мегӯяд “ҳаҷми ММД аз 1,7 миллиард сомонии соли 2000 то 77,4 млрд. сомонӣ дар соли 2019, яъне 45,5 маротиба зиёд шуд. ММД ба ҳар сари аҳолӣ 29 маротиба (аз 288,7 сомонӣ то 8388 сомонӣ) афзоиш ёфт”. Агар ба ин гуфтаи вазири иқтисод бидуни таҳқиқ бовар кунем, пас бояд сатҳи зиндагӣ дар кишвар бояд 29 маротиба беҳтар шуда бошад. Аммо вақте ин рақамҳоро бо доллар ҳисоб мекунем, воқеъият маълум мешавад.
Бо ҳисоби доллар Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилӣ дар дар соли 2000-ум 860 миллион ва дар соли 2019 8,12 миллиардро ташкил додааст. Яъне ММД на 45 баробар, балки 9,4 баробар афзоиш ёфтааст. Албатта агар рушди аҳолӣ низ ба ҳисоб гирифта нашавад. Соли 2000-ум Тоҷикистон 6,22 млн ва дар соли 2019 9,16 млн аҳолӣ дошт. ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2000-ум ба $138,43 ва дар соли 2019 ба $826-ро ташкил додааст, ки рушди он ҳамагӣ 6 баробар аст. Агар таварруми доллар низ ба ҳисоб гирифта шавад, ин рушд камтар аз 3 баробар мешавад.
Албатта рушди шашбаробарӣ низ бад нест, агар рақами аввал аз ҳад кӯчак набошад. Барои мисол агар шумо соли 2000-ум ҳамагӣ даҳ доллар доштед ва 20 сол пас дороиятон 60 доллар шуд, ин он қадар рушде маҳсуб намешавад, ки аз он лоф занед.
Инҷо як “аммо”-и дигар вуҷуд дорад. Солҳои охир мақомоти тоҷик бо чанд сабаб оморро даҳҳо баробар бештар аз будаш нишон медиҳанд. Мо инро чанд рӯз қабл дар собит карда будем. Агар тамоми дурӯғҳои мақомот дар ироаи омор ифшо карда шаванд, шояд рушд на шашбаробарӣ, балки 3 ё 2-баробарӣ ҳам набошад.
Мешавад бо итминон гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон вақте дар бораи кам шудани сатҳи камбизоатӣ сӯҳбат мекунанд, айнан ба ҳамин оморҳое такя мекунанд, ки худашон бофтаанд. Барои тақрибан муайян кардани сатҳи камбизоатӣ мешавад ба чанд рақаме, ки дар ҳамин таҳқиқи Бонки ҷаҳонӣ омадааст, диққат дод. Дар ин таҳқиқ гуфта мешавад 80% хонаводаҳое, ки аз интиқоли пулӣ аз хориҷ вобастаанд, онро танҳо барои хӯрок ва маводи дигари зарурати аввалия масраф мекунанд. Яъне камбизоатанд.
Тибқи оморҳои дигари институтҳои дохиливу байналмиллалӣ, 70-80 дарсади хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд. Ҳатто агар пиндорем, ки ҳеҷ нафар аз онҳое, ки аз пули муҳоҷирон вобаста нестанд ба шумори камбизоатон ворид намешаванд, ҳоло сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон на камтар аз 65 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол бархе аз рақамҳое, ки институтҳои байналмиллалӣ ироа мекунанд, аз оморҳои расмӣ гирифта мешаванд. Барои мисол дар ин таҳқиқи Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, соли ҷорӣ ҳаҷми пулҳои интиқолшаванда ба кишвар имсол 15% камтар хоҳад буд. Ин рақамро БҶ аз омори бонкҳои Русияву Тоҷикистон гирифтааст, чун имкони гирифтани омори дигарро надорад. Аммо агар омори дигар — интиқоли ғайрирасмии маблағ ба назар гирифта шавад, воқеъият тамоман дигар аст — интиқоли маблағ 40-50% камтар шудааст.
Худи Бонки Ҷаҳонӣ низ ба бадтар шудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ишора мекунад: “Ин вазъ натиҷаҳои қаблан бадастомада дар поинбарии сатҳи камбизоатиро хароб мекунад ва аллакай бо бадтар кардани мушкили норасоии хӯрок дар хонаводаҳои осебпазир, ба амнияти хӯрокворӣ зарба задааст”.
Рақамҳои ироашуда ба даъвоҳои ҳукумат мабнӣ бар кам карданӣ сатҳи камбизоатӣ низ соя меафканад. На танҳо вазирон, мисли Завқӣ Завқизода, балки худи Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамеша аз он лоф мезанад, ки ҳукумат тавонистааст сатҳи камбизоатӣ дар кишварро поён барад. Аммо вақте 70-80 дарсади хонаводаҳо аз ҳисоби маблағҳои интиқолёфта аз Русияву даигар кишварҳои муҳоҷирқабулкунанда зиндагӣ мекунанд, ҳукумат дар беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо чӣ саҳме дорад?
Агар маоши кормандони бонку як ду соҳаи сердаромади дигар, ки 0,5%-и шумори моҳонагиронро ҳам ташкил намедиҳанд ба ҳисоб гирифта нашавад, ҳади миёнаи маош дар Тоҷикистон аз 1,5 болотар нест. Бо ин ҳисоб, ҲАМАИ онҳое, ки дар Тоҷикистон бо маош зиндагӣ мекунанд, ба синфи камбизоатон ворид мешаванд.
Пас, мешавад хулоса кард, ки ҳукумат дар кам кардани сатҳи камбизоатӣ камтарин саҳме надорад. Завқизода дар он баромадаш ҳамчунин иддаъо кард, ки “дар Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ барои солҳои 2016-2020 ва дар маҷмӯъ 187 стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди иҷро қарор доранд”. Танҳо муқоисаи сатҳи зиндагӣ дар соли 2015 ва соли 2020 собит мекунад, ки ҳамон “Барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ барои солҳои 2016-2020” чӣ қадар амалӣ шудааст.
Ин лофҳои мақомдорон аз боло рафтани сатҳи зиндагӣ ба ҳамон лофи Эмомалӣ Раҳмон шабоҳат дорад, ки гуфта буд қабл аз истиқлол касе телефони мобилӣ надошт, аммо ҳоло хонандагони мактаб ҳам соҳиби телефон шудаанд. Ё шумори имрӯзаи мошинҳои мардумро бо шумори мошинҳо дар ҳамони Шӯравӣ муқоиса карда буд.
Поинравии сатҳи камбизоатиро, ки ҳукумат аз он лоф мезанад, барномаи БҶ, ки ҳоло рӯи даст гирифтааст бармало мекунад. БҶ тасмим гирифтааст ба 50 ҳазор хонавода дар Тоҷикистон, ки барояшон хатари гуруснагӣ таҳдид мекунад кӯмаки якдафъаина дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар хонавода ирсол намояд. Албатта агар ин маблағҳо то расидан ба дасти камбизоатон дар роҳ ғайб назананд.