Рубрики Хабарҳо

80 млн барои интихоботи бидуни рақобат

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2020 барои баргузор намудани маъракаҳои интихоботии парлумонӣ дар моҳи март ва интихоботи президентӣ нимаи тирамоҳ 80 млн. сомонӣ ҷудо карда шавад.

Тавре Азия плюс бо такя ба манбаъаш аз сохтори иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, қисмате аз ин маблағ, ҳамчунин барои маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли оянда харҷ мешаванд. Коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон, ки низоми бисёрҳизбӣ барҳам хурда, дар асл яккаҳокимиятӣ  рӯи кор аст, гузаронидани интихобот бо масрафи ҳангуфт, назарфиребӣ аст.

Дар назар аст, ки аввали моҳи декабри соли ҷорӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи баргузории маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумонро таъин мекунад. 

Санаи маъракаи навбатии интихоботи президенти Тоҷикистон охири тобистони соли 2020 дар чаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони кишвар эълон мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *