Намояндагии дипломатии Русия дар Тоҷикистон гуфт, Русия ба ҳамагуна ҳамлаи эҳтимолии ҷангиёни афғон омода аст.
Сафири Русия дар Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов ҳангоми мулоқот бо намояндагони расонаҳогуфт, пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, ба ҳама гуна «сюрпризҳо» -и ҷангҷӯёни афғон омода аст.
Дипломат қайд кард, ки аз ҷиҳати силоҳ, омӯзиш ва таълим хизматчиёни ҳарбии Русия дар сатҳи хеле баланд қарор доранд.
Сафир гуфт, «Муҳимтар аз ҳама он аст, ки онҳое, ки дар қаламрави Афғонистон ҳастанд, инро медонанд. Он нерӯҳое, ки ба амнияти Тоҷикистон зарар мерасонанд ва метавонанд зарар расонанд. Аз ин рӯ, пеш аз коре, ки бояд кунанд, бояд хеле хуб фикр кунанд».
Игор Лякин-Фролов таъкид кард, ки масъалаҳои ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон ва Осиёи Марказӣ дар нишасти ахири СААД баррасӣ шуданд.
Ӯ тазаккур дод, ки «Вазъ дар Афғонистон номусоид аст. Музокирот идома дорад, аммо то ба ҳол онҳо натиҷаи мушаххас надодаанд. Амалиёти низомӣ дар кишвар идома дорад».
Дипломат илова кард, ки айни замон дар Тоҷикистон барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Дар анҷоми сӯҳбаташ Лякин-Фролов гуфт, «Таҳвилҳо дар солҳои охир 12 миллиард рублро ташкил медиҳанд. Дар назар аст, ин ҳафта ва ё ҳафтаи оянда таҷҳизоти муҳандисӣ ворид карда шавад. Дар омода кардани кадрҳо низ Русия кӯмакашро мерасонад: ҳар сол тақрибан ҳазор фармондеҳони сатҳи миёна дар пойгоҳи 201 таълим мегиранд» .