Рубрики Хабарҳо

Пирӯзии Баҳодур Усмонов дар аввалин рақобат дар бокси ҳирфаӣ

Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов, ки дорандаи роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио ҳам ҳаст, дирӯз 24 декабр  бори аввал вориди рақобат дар бокси ҳирфаӣ шуд ва пирӯзӣ ба даст овард.

Дар мусобиқаи байналмиллалии Shamo Boxing Promotions, ки дар Маскав баргузор шуд, Баҳодур дар вазни сабук (61,23 кг) Вилдан Минасови русиягиро аз рӯи имтиёзҳо шикаст дод. Бозӣ шаш раунд идома кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Баҳодур дар оғози қувваозмоӣ ба нокдаун рафт. Аммо зуд ба по хест ва рақобатро идома дод. 

Гуфтанист, Баҳодур Усмонов моҳи марти имсол дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар Урдун дар вазни то 63 кило миёни мардон бар варзишгари эронӣ Ашкон Ризоӣ бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 гардид. 

Ӯ феълан қаҳрамони бокси ҳаваскорӣ дар Осиё мебошад, ки дар қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд ба ин унвон даст ёфтааст. 

Баҳодур ҳамчунин беҳтарин варзишгари сол дар Тоҷикистон эълон шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *