Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш, раиси Маҷлиси милӣ Рустами Эмомалӣ имрӯз дар пойтахт чанд корхонаи истеҳсолиро “мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд”. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад.
Яке аз ин коргоҳҳое, ки падару писар ба лентааш қайчӣ заданд, марҳилаи дуюми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат текстайл» гуфта мешавад.
Марҳилаи аввали Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини “Ваҳдат текстайл” моҳи январи соли чорӣ ба кор шурӯъ карда буд. Ин корхона аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат” ва Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр”, соҳибкорон Акбар Ғуломов (писари ноибсарвазири собиқ) ва Илҳом Мирзоев (яке аз бародарон Мирзоевҳо, ки “Авесто Гурӯҳ”-и Рустами Эмомалиро идора мекунанд) бунёд гардидааст.
Тибқи иттилоъи манбаъ фаъолсозии марҳилаи дуюми корхона иқтидори истеҳсолии “Ваҳдат текстайл”-ро афзоиш дода, истеҳсолот аз 19 миллиону 200 ҳазор ба 34 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол расонида шудааст. Дар марҳилаи дуюми корхона 100 нафар сокини маҳаллӣ пас аз курсҳои бозомӯзӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, дар маҷмӯъ дар ду марҳила 400 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин раисҷумҳур ва писараш лентаҳои як корхонаи истеҳсоли ламинат, як корхонаи коркарди сангҳои қиматбаҳо, як коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти орду қаннодиро буриданд.