Рубрики Хабарҳо

Писари сардори пулис дар сӯхтор ҷон дод

Дар пайи як сӯхтор дар шаҳри Душанбе писари Рамазон Мирзозода, сарҳангёри пулис ва сардори шӯъбаи корҳои дохилии ВКД дар ноҳияи Варзоб ҷон бохтааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба аз сокинони маҳаллӣ ба хабар медиҳад.

Сокинон гуфтаанд, сӯхтор субҳи 18 январ дар хонаи истиқоматии Рамазон Мирзозода, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душабе (дар наздикии НБО Варзоб) рух додааст.

Дар Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД хабари рух додани ҳодисаро ба тасдиқ карда, вале аз ироаи ҷузъиёти бештари ҳодиса худдорӣ кардаанд.

Маълум нест, ки сабабу омили сӯхтор  чӣ аст ва кормандони идораи сӯхторхомӯшкунӣ кай ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.

Гуфтанист, дар робита ба сӯхтори яке аз хонаҳои истиқоматӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид ва ба эҳтимоли зиёд, ин ҳодисаи сӯхтори хонаи сардори ШКД дар ноҳияи Варзоб аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *