Рубрики Хабарҳо

Маъракаи пешазинтихоботии номзади ягона. Ё чаро Раҳмон дар интихобот шитоб дорад?

Эмомалӣ Раҳмон, номзади ягона ва аз ҳоло “пирӯз”-и интихоботи қарибулвуқӯъи раёсатҷумҳурӣ маъракаи таблиғоти пешазинтихоботиашро шурӯъ кардааст. Ин маърака аз ҳоло тахминҳо дар бораи ҷойгузини ӯ шудани писараш дар ҳамин интихоботро канор бурдааст. 

Албатта ба пандемии коруно ва бӯҳрони шадиди иқтисодӣ рост омадани интихобот ба нафъи раисҷумҳури феълӣ нест, аммо ин қоида дар кишварҳое кор медиҳад, ки интихоботҳо шафофанд. Дар кишваре чун Тоҷикистон онҳое ҳам, ки се рӯз чизе нахӯрдаанд ё зери дастгоҳи нафаси сунъӣ қарор доранд, ба “пешво”-яшон “овоз” хоҳанд дод. Ҳеҷ маъракаи пешазинтихоботие ҳам зарурат надорад, аммо Раҳмон аз он кор мегирад ва мо ҳам маҷбурем ба он пардозем. 

Маърака нишон медиҳад, ки Раҳмон тасмим гирифтааст ин дафъа ҳам худаш бо “рақибони сарсахт”-е чун Абдуҳалим Ғаффорзода, Саидҷаъфар Усмонзода ва Олимҷон Бобоев вориди рақобат шавад. Зоҳиран ё худаш ба ин натиҷа расидааст ва ё барояш ишора кардаанд, ки ҳамтоёни ИДМ-иву чинияш ҳанӯз бо нишастан бо Рустам гирди як миз омода нестанд. Чаро танҳо ИДМ-иву чинӣ? Зеро чанд соли охир ғайри онҳо касе бо худи Раҳмон ҳам намешинад. 

Аммо ногаҳон Маҷлиси Миллӣ қарор кард интихобот як моҳ қабл, яъне 11 октябр баргузор шавад. Муддаиёни курсии раёсатҷумҳурӣ акнун ҳамагӣ 2 моҳ фурсат доранд то имзо ҷамъоварӣ кунанд, ҳуҷҷат пешниҳод намоянд ва номзад шудаву маъракаи пешазинтихоботӣ роҳандозӣ созанд. Фурсате бисёр кам, ки агар номзади соҳибихтиёре ҳам пайдо шуд, дар гумон аст, ки тавонад онро дарёфт кунад. Зоҳиран ин тасмими Маҷлиси Миллӣ ба ҳамин гуна номзадҳо, аз ҷумла Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ рабт дорад. 

Бархе аз таҳлилгарон ҳам ба ин назаранд, ки яке аз сабабҳои асосии шитоб дар баргузории интихобот роҳ надодани Зоиров ва тимаш ба он аст. Бо ресурсу имконияте, ки ҲСДТ дорад, ҷамъугир кардани тамоми маърака дар ду моҳ тақрибан ғайриимкон мебошад.

Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ ба ин шубҳа дорад. Ӯ мегӯяд “ҳаҷми қарзи давлат аз моҳона торафт афзоиш меёбад ва имсолу соли оянда ин раванд идома хоҳад кард. Ягона самте, ки боло бурдани моҳонаи кормандони буҷавӣ ба он таъсир мерасонад, ҳаҷми қарзи давлат аст. Масалан агар қарор буд то охири сол қарзи давлат аз 70 миллиони ҳозира ба 100 миллион бирасад, бо боло бурдани моҳона ба 104 миллион хоҳад расид. Зеро буҷа қудрати таъмини ин масрафро надорад”. 

То 11 октябр ҳанӯз ду моҳ фурсат ҳаст. Дар ин муддат эътирозҳо дар Русияву Белорус метавонанд шиддат гиранд ва на танҳо тағйироти ҷиддие дар ду кишвари шарики Раҳмон ворид намоянд, балки мавҷи эътирозот ба Тоҷикистон ҳам бирасад. Вазъи торафт харобшавандаи иқтисодии мардум, тангтар шудани занҷири фишорҳову ҳабсу таъқибҳо, ғасбҳои рейдерии амволи шарикони дирӯзаи раисҷумҳур ва ғайра метавонанд ин равандро суръат бахшанд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *