Дар ҳамла ба зиндони Ҷалолобод 4 шаҳрванди Тоҷикистон кардаанд
Бархе аз сомонаҳои хабарии Афғонистон аз ширкати 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамлаи аъзои гурӯҳи террористии ДОИШ ба зиндони шаҳри Ҷалолобод, маркази вилоияти Нангарҳор хабар доданд.
Ба гузориши сомонаи афғонистонии “Хабари тоза”, гурӯҳи террористии Давлати исломӣ бо интишори акси 11 нафар аз афроди ба зиндони Ҷалолобод ҳуҷумкарда муддаӣ шуд, ки 4 тан аз онон шаҳрвандони Тоҷикистон, се нафар афғон, се нафари дигар аз Ҳиндустон ва як нафар покистонӣ ҳастанд.
Аммо мақомоти расмӣ дар вилояти Нангарҳор гуфтанд, ки дусад зиндонӣ пас аз ҳамлаи террористҳо ба зиндони шаҳри Ҷалолободи Афғонистон, муваффақ ба фирор шуданд.
Тамим Ориф, сарпарасти волии Нангарҳор гуфт, дар зиндони марказии шаҳри Ҷалолобод ҳудуди ҳазору ҳаштсад зиндонӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки дусад нафар аз онҳо муваффақ ба фирор шуданд.
Тамим Ориф афзуд, талошҳо барои дастгир кардан ва бозгардонидани онҳо ба зиндон идома дорад.
Ааъзои гурӯҳи террористӣ рӯзи якшанбе ба зиндони шаҳри Ҷалолобод ҳамла карданд ва бо нерӯҳои амниятии Афғонистон даргир шуданд.
Дар ин даргирӣ, ки ҳудуди бист соат тӯл кашид, 10 узви ДОИШ ва 29 нафар аз нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиёни афғон кушта шуданд.