Анварзода Ислом Қурбон, муовини додситони ноҳифи Фирдавсии пойтахт, ки дар ҳолати мастӣ мошини тамғаи Land Cruiser 200-ро дар маркази шаҳр бо суръати баланд меронд, сабаби марги сароянда Баҳром Ғафурӣ шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохида хабар медиҳад.
Худи муовини додситон бо бардоштани захмҳо гуногун дар беморхонаи Қарияи боло бистарӣ гаштааст. Аз вазъи саломатии ӯ иттилоъе ҳанӯз дастрас нест.
Гуфта мешавад Анварзода Ислом Қурбон писари раиси корхонаи нассоҷиии Душанбе ва раҳбари Анҷумани корхонаҳои саноати сабук Анвар Қурбонов, ки бештар бо лақаби Анвари Калла маъруф аст, мебошад. Ӯ зодаи деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик аст.
Тибқи иттилоъи расонаҳо, ин се нафар аз кадом тӯйи арӯсие бармегаштанд. .