Ду ҳафта қабл Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон 13 солагиашро ҷашн гирифт. Тӯҳфаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибҷашн ин буд, ки бо имзои як қаор салоҳиятҳо ва дахлнопазирии ин ниҳодро бештар кард.
Қадрдонии ин ниҳод аз тарафи раисҷумҳурро мешавад чун ризояти ӯ аз фаъолияти он донист. Яъне ин агентӣ ба дастовардҳое дар тӯли фаъолияти 13-солааш ноил шудааст ва бояд салоҳиятҳояш бештар шавад, то фасодро дар кишвар решакан созад. Оё воқеъан чунин буд ва оё ин агентӣ тавонист сатҳи фасод дар кишварро поён барад?
Дирӯз, 23 январ созмони Transparency International (Шаффофияти байналмилалӣ), ки вазъи фасод ва ришвахорӣ дар кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, солонаашро нашр кард. Дар раддабандии имсолаи ҷаҳонии коррупсия Тоҷикистон назар ба як соли пеш як зина поёнтар рафта, байни 180 кишвар бо 25 имтиёз аз 100 имтиёзи мумкин дар мақоми 153-юм қарор гирифтааст. Яъне байни 30 кишвари фасодзатарини дунё.
Ин раддабандии пурэътибор, ки дар тамоми ҷаҳон эътироф мешавад, боризтарин манбаъи ташхиси фасод дар дилхоҳ кишвари ҷаҳон аст. “Дастовардҳо”-и Агентии зидди фасодро ҳам метавон аз рӯи ин радабандӣ ташхис дод.
Тибқи радабандии Transparency International, як сол қабл аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, яъне дар соли 2006 Тоҷикистон дар мавқеъи 145-ум қарор дошт. Як сол баъд аз таъсиси он (2008) ба ҷои 151-ум суқут кард. Ин гуна ниҳодҳо асосан дар соли таъсисашон даст ба корҳои бузург мезананд, то зарурияти мавҷудияти худро собит созанд, аммо дар Тоҷикистон баръакс шуд. Кишвар дар як соли фаъолияти “пурсамар”-и Агентии зидди фасод 6 зинаи мавқеъашро дар пурэътибортарин радабандии ҷаҳонӣ дар бораи фасод аз даст дод.
Соли 2009 Тоҷикистон дар зинаи 154-ум қарор гирифт ва соли 2013 то 159-ум зина поён рафт. Поёнтарин мавқеъи кишвар дар соли 2017 буд, ки ба ҷои 161-ум фаромад ва байни 20 кишвари фасодзадаи дунё қарор гирифт. Дар ин байн мавқеъи кишвар дар радабандӣ болову поён рафт, аммо дигар мавқеъе болотар аз зинаи 152-ум надошт.
Дар радабандии соли 2019 Тоҷикистон бо қабули чанд қонун, ки амалан ҳеҷ кадомашон иҷро нашуданд, маҷқеъашро беҳтар кард ва ба зинаи 152-ум баромад. Аммо имсол думбора шурӯъ ба суқут кардааст.
Хулоса дар 13 соли фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, фасод дар кишвар афзоиш ёфта ва дар радабандии маъруфи ҷаҳонӣ кишвар то 16 зина суқут кард.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон мегӯяд ин ҷойгоҳ барои Тоҷикистон дар даҳаи ахир як ҷойгоҳи маъмулӣ гашта, баъид аст, ки дар солҳои наздик тағйироте дар ин самт рух диҳад.
Ба суоли Паём дар бораи ин ки чаро бо вуҷуди нақзи густардаи ҳуқуқи инсон, хафакунии демократия ва фасоди густарда дар Тоҷикистон ҳеҷ кишвари ҳомии бемокросӣ ва ҳуқуқи инсон садо баланд намекунад, ҷанои Кабирӣ бо суол посух дод, ки “чаро онҳо бояд вокуниш кунанд?” Ва гуфт “вокунишро пеш аз ҳама бояд миллати тоҷик нишон бидиҳад, вокунишро бояд касоне нишон бидиҳанд, ки ин омор ва ин вазъият ба ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо таъсир мерасонад. Кишварҳои дигар дар Тоҷикистон манфиъатҳои зиёд надоранд ва аслан Тоҷикистон барояшон кишвари муҳим ҳам нест ва онҳо думболи манфиатҳои геополитикии худ ҳастанд. Агар барои мисол ҳукумате мисли ҳукумати фасодзадаи ҳозираи Тоҷикистон ба нафъи онҳо аст, онҳо чаро биёянд вокуниш нишон диҳанд ё таҳрим кунанд?”
“Дар ҳоли ҳозир як Тоҷикистони заъиф, ақабмонда ва ғайридемократӣ ҳам барои раҳбарони кишварҳои минтақа, ки аксаран худашон диктотурӣ ҳастанд, муносиб аст ва ҳам кишварҳои ғарбӣ ҳеҷ таваҷҷӯҳи хосе ба Тоҷикистон надоранд” – гуфт раҳбари мухолифини тоҷик.
Бо таъкид бар ин ки ҳеҷ кишвар ё созмоне бидуни вокуниши худи миллат ба кӯмаки мардуми Тоҷикистон нахоҳад омад, Кабирӣ гуфт “шояд вақти он расидааст, ки ҳам мухолифини тоҷик, ҳам мардум ва ҳам касоне, ки имрӯз дар ҳукумати Тоҷикистон кор мекунанд ва Тоҷикистон барояшон азиз асту мехоҳанд кишвари нисбатан пешрафта дошта бошанд, даст ба дасти ҳамдигар диҳем ва кишварро ҳарчӣ зудтар аз ин вазъият бираҳонем”.