Як генерали баландпояи Амрико мегӯяд, ки дар ҳашт моҳи гузашта барои муқобила бо хатари рӯзафзуни Эрон, беш аз 20 ҳазор сарбоз ба Ховари Миёна эъзом шудаанд. Равшан нест, ки ин нерӯҳо то чӣ муддате дар Ховари Миёна боқӣ мемонанд.
Генерал Фрэнк Маккензи, фармондеҳи ситоди фармондеҳии марказии Иёлоти муттаҳидаи Амрико гуфтааст, ки артиши Иёлоти муттаҳида дар ҳашт моҳи гузашта нерӯҳое ба Ховари Миёна фиристода, ки “барои муддате номаълум” дар он ҷо хоҳанд монд.
Генерал Маккензи дар минбари киштии ҷангии USS ҳангоме, ки ба Баҳри Сурх расида буд, хитоб ба малавонон ва сарбозони дарёии Амрико гуфт: ҳама чиз ба таҳаввулоти баъдӣ вобастааст ва ҳеҷ маълум нест шумо то чӣ муддате дар ин ҷо хоҳед монд.
Ин киштии ҳавопаймобар ба ҳамроҳи ду киштии ҷангии дигар дар 11 январи 2020 роҳии Ховари Миёна шуданд. Ин сарбозон охирин гурӯҳ аз нерӯҳое ҳастанд, ки ба ягонҳои амрикоӣ пайвастаанд. Аз моҳи майи гузашта то кунун шумораи нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа аз 60 ҳазор ба 80 ҳазор афзоиш ёфтааст.
Ин баёноти генерал Маккензи, ки рӯзи панҷшанбе 23 январ иброз кард, хилофи гуфтаи Доналд Трамп аст, ки ваъда дода буд ба рӯёрӯииҳои низомӣ поён диҳад ва артишиёни амрикоиро ҳарчи зудтар ба ватан баргардонад.
Аз сӯи дигар Марк Аспер, вазири дифоъ, аҳд карда буд бахше аз нерӯҳои мустақар дар Ховари Миёнаро барои муқобила бо таҳдидоти Чин ба савоҳили осиёии Уқёнуси Ором гусел кунад.
“Муқобила бо таҳдидоти Эрон”
Генерал Маккензи ба хабарнигороне, ки ҳамроҳаш буданд гуфт: “Таҳдиди Эрон бисёр ҷиддӣ аст”. Ў гуфт тарафдорони Эрон, ки бо дастури раҳбарони Ҷумҳурии Исломиӣ ё бидуни иттилоъи онҳо, иқдом мекунанд, дар минтақа ҳузур доранд ва эҷоди хатар мекунанд.
Ӯ таъкид кард, ки Эрон феълан ором аст ва қасд надорад авзоъи муташанниҷи кунуниро ташдид кунад. Ба назари ӯ дар шароити феълӣ Амрико ва Эрон, ҳеҷ кадом моил ба ташаннуҷоти бештар нестанд.
Ӯ гуфт бо таваҷҷуҳ ба вахомати авзоъ дар перомуни Эрон, аз нирӯи дарёии Амрико хоста шудааст, ки размновҳои (киштиҳои ҷангии) мустақар дар Аврупоро аз роҳи канали Суез роҳии Ховари Миёна кунад. Рӯйи ҳам ҳудуди 2500 малавону 1500 дарёдор дар хидмати ин эскадрон ҳастанд.
Ба думболи ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдод, пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ ва Қувейт тақвият шудаанд. Эъзоми нерӯҳои тоза бо ҳадафи тақвияти ҳузури Амрико дар минтақа сурат мегирад.
Ин фармондеҳи низомӣ таъйид кард, ки вазорати дифоъи Амрико (Пентагон) шуморе ҷанганда ва бомбафкан ва мушакҳои Патриот ба Ховари Миёна фиристода то дар таъмини амнияти Амрико ва муттаҳидонаш ба кор гирифта шаванд.
Бо ин иқдомот артиши Амрико бо беш аз 83 ҳазор нерӯ тавони размии бисёр болое дар минтақа ба даст овардааст.
Артиши Иёлоти муттаҳида барои тавҷеҳи афзоиши нерӯҳо дар Ховари Миёна ба таҳаррукоти ҷадиди Эрон истинод мекунад. Сипоҳи посдорон дар 8 январи гузашта ду пойгоҳи низомии нерӯҳои амрикоӣ дар хоки Ироқро мушакборон кард, ки ба захмӣ шудани чанд сарбоз анҷомид. Ин иқдоми Эрон ба талофи кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи сипоҳи Қудс ба дасти нерӯҳои амрикоӣ буд.
Ин дар ҳолест, ки генерал Маккензи таъйид кард, ки ӯ низ монанди Аспер, вазири дифоъ, мӯътақид аст, ки Русия ва Чин, таҳдидҳои қавитаре барои Иёлоти муттаҳида ҳастанд.
Трамп ваъда дода буд, ки Амрико бояд ба “ҷангҳои бепоён” хотима диҳад. Аммо ӯ дар айни ҳол ҳамвора ба хатари ҷиддӣ аз сӯи Эрон ва ба вежаи барномаи мушакии ин кишвар, таъкид кардааст.
Шабакаи амрикоии Фокснюз даҳуми январ аз қавли мақомҳои Иёлоти муттаҳида гузориш дод, ки Пентагон тасмим гирифта сомонаи падофанди ҳавоии Патриот дар Ироқ мустақар кунад.
Шуморе аз воҳидҳои Патриот ба манзури ҳифозат аз пойгоҳҳои Амрико дар Арабистон ва чанд кишвари “муттаҳид” монанди Қувейт, Аморот ва Қатар мустақар ҳастанд.
Ба гузориши Фокснюз, пас аз ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи Айнуласад дар Ироқ акнун Пентагон тасмим гирифта барои муқобила бо ҳамалоти эҳтимолии Эрон дар Ироқ низ сомонаи Патриот мустақар кунад.