Ҳоҷиакбар Одинаев, писари муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев, ки ҳафтае қабл ғайб зада буд ёфт шудааст. Дар ин ора Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.
Ҳоҷиакбарро дар боздоштгоҳи махсуси Сахаровои Маскав пайдо кардаанд. Ӯ рӯзи 19 январ ғайб зада буд ва падараш 5 рӯз пас аз ғайб заданаш эълон кард имкон дорад нопадидшавии писараш ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ, аз ҷумла ширкаташ дар интихоботи навбатӣ бастаг дорад.
Зоиров ба ҳамаи онҳое, ки дар кофтукови Ҳоҷиакбар ширкат доштанд ва ё дастгирии маънавӣ кардаанд, изҳори сипос намуда, навиштааст “ҳангоми кофтуков ва дарёфт кардани ӯ Каромат Шарипов ва гурӯҳи ӯ, ки корҳои оптималии оперативӣ-ҷустуҷӯиро анҷом додаанд, ҷидду ҷаҳди махсусро анҷом доданд, ки барои он ман сипоси махсусро изҳор менамоям”.
Раиси ҲСДТ хоҳиш кардааст эҳсосоти падарӣ ва ҳолати эмотсионалии Махмурод Одинаевро дуруст дарк кунанд. Зоҳиран ишораи ӯ ба изҳороти ахири Одинаев бастагӣ дорад, ки гуфт агар писараш пайдо нашуд “майдондорӣ” хоҳад кард.