Тамоми расонаҳо давлатӣ, сар аз телевизион, то расонаҳои электрониву чопӣ дирӯз ҳиммат бузурги “ширкати ватании “Авесто-Гурӯҳ”-ро тавсиф карданд. Тибқи иттилоъи расонаҳои давлатӣ ва бархе расонаҳои мустақил, ин “ширкати ватанӣ” ба беморхонаҳои пойтахт ба маблағи 2,5 млн сомонӣ кӯмак кардааст. Дар шакли лавозимоти тиббӣ, доруву дармон, ниқобу либосҳои муҳофизатӣ ва ғайра.
Расонаҳои давлатӣ онро “дар пайравӣ ба иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” ва “ташаббусу иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе” муаррифӣ карда, гузориш доданд, ки “Авесто-Гурӯҳ” ба муассисаҳои тиббии пойтахт “53 200 адад лавозимоти зарурии тиббӣ, аз қабили либосҳои махсуси тиббӣ барои табибон дар ҳаҷми 10 000 адад, айнакҳои ҳимояткунандаи тиббӣ 10 000 адад, дастпӯшакҳои тиббӣ 10 000 дона, ниқобҳои махсуси пластикии ҳимояткунанда 5 000 адад ва ниқобҳои тиббӣ 18 200 адад ба таври ройгон” супоридааст.
Ҳоло соҳибкорон ва ширкатҳои зиёде ба беморхонаҳо ва табибону беморон кӯмак мекунанд. Ҳатто пиразаноне ҳастанд, ки аз охирин маҳсулоти дар хонаашон боқимонда хӯрок пӯхта ба табибону беморон мебаранд. Ё занони хонашине, ки ба пулҳои солҳо ҷамъкардаашон матоъ харида ба табибон дастпӯшу ниқоб ва либоси муҳофизатӣ медӯзанд. Шумори соҳибкорони муваффақе, ки ҳаҷми кӯмакашон аз “Авесто-Гурӯҳ” камтар нест ҳам зиёданд.
Аммо кӯмаки ин холдинг якбора тамоми расонаҳои давлатиро “бедор” кард ва ҳама якҷоя шурӯъ ба ситоиши ин “иқдоми башардӯстонаву хайрхоҳона” намуданд. Сабаб албатта инҷо яктост — ин холдинг ба Рустами Эмомалӣ таъаллуқ дорад. Танҳо 30%-и саҳми холдинг моли бародарон Мирзоевҳо буда, 70%-аш ба шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур мутаъаллиқ аст. Мо ҷанд тадқиқот дар ин бора нашр карда будем.
Дар як кишвари тоталитарӣ истифода аз ресурсҳои давлатӣ, аз ҷумла расонаҳо аслан ҷои таъаҷҷуб надорад. Ин яке аз хусусиятҳои диктотурҳост, ки тамоми имконияту ресурҳои кишварро барои тақвияти ҳукумати худ истифода мекунанд. То имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ин корро мекард, ҳоло писараш Рустами Эмомалӣ шурӯъ кардааст. Ҳадаф аз ин ҳама намоиш ду чиз аст — ғамхори мардум нишон додани меросхӯри Раҳмон ва таблиғи “Авесто-гурӯҳ”. Аммо ҳоло ҳарф дар ин бора ҳам нест.
Маълумоти дастраскардаи Паём нишон медиҳанд, ки Рустами Эмомалӣ ва “Авесто-Гурӯҳ” бо истифода аз расонаҳои давлатӣ ва рӯзноманигорони худфурӯхта ба як қаллобӣ дар сатҳи олии давлатӣ даст зада ба 9 миллион сокини кишвар дурӯғ гуфтаанд ва дуздӣ кардаанд.
Кӯмакҳое, ки чун саховати бузург ва “иқдоми хайрхоҳонаву башардӯстонаи” “Авесто-Гурӯҳ” муаррифӣ гаштаанд, аслан ба ин ширкат камтарин бастагие надоранд. Агар танҳо ҳаминро ба назар нагирем, ки бо мошинҳои ин ширкат ба беморхонаҳо бурда шуданд. Дар ин масъала ҳам ҳарфи гуфтанӣ дорем, ки поёнтар бармегардем.
Ин кӯмакҳои расида аз Чин аст, ки Рустами Эмомалӣ ва ширкаташ бо тамоми пуррӯӣ аз зуд кардаву аз номи худ ба беморхонаҳо бурдаанд. Поёнтар хоҳем гуфт, ки танҳо чаро “бурдаанд”. Тибқи иттлоъоти дарёфтӣ, ҳатто як ниқоб аз ин кӯмаки 2,5 миллионнӣ ба “Авесто-Гурӯҳ” мутааллиқ нест. Ҳамаи он кӯмаки башардӯстонаи Чин аст. Ҳатто аксу наворҳое, ки расонаҳои давлативу мустақил нашр кардаанд, нишон медиҳанд. ки дар қуттиҳо парчами ду кишвар часпонда шудааст. Ба ин акс диққат кунед:
Сообщение ПАЁМ.net.