Рубрики Хабарҳо

Дар нишасти Вена мухолифини Толибон хостори ҳимояти байналмилалӣ шуданд

Шуморе аз ширкаткунандагон дар дувумин рӯзи нишасти Вена бо ҳузури чеҳраҳое аз мухолифони Толибон ба ВВС гуфтаанд, ки ба думболи ёфтани роҳе барои эҷоди эътилофи густурда алайҳи Толибон ҳастанд. Онҳо ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори ҳимоят шудаанд. 

Нишасти Вена паси дарҳои баста баргузор шуда ва ба хабарнигорон иҷоза дода нашудааст то ин иҷлосро ба сурати мустақим пӯшиш диҳанд. 

Ҷамолиддин Мусавӣ, хабарнигори ВВС аз маҳалли ин нишаст гуфтааст аз ҳарфҳои бархе ширкаткунандагон маълум аст, ки онҳо дар мавриди эҳтимоли барасмият шинохта шудани ҳукумати Толибон ба шиддат эҳсоси хатар мекунанд ва машғули ройзанӣ барои ёфтани роҳе ҳастанд, ки то пеши роҳи ин кор гирифта шавад. 

Ин нишаст бо ҳузури чеҳраҳои мухталифи мухолифи ҳукумати Толибон аз ҷумла Аҳмад Масъуд, раҳбари “Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон” баргузор шудааст. Ҷабҳаҳое, ки дар дохили Афғонистон ҳам даргири ҷанги чирикӣ бо Толибон аст. 

Шуморе аз ширкаткунандагон дар ҳошияи ин нишаст гуфтаанд, ки “занони ширкаткунанда дар ин нишаст ба думболи ин ҳастанд, ки аз нерӯҳои дохилӣ, хусусан фаъолони зан ва ҷомеаи маданӣ ҳимоят шавад ва аз ҷомеаи байналмилалӣ хоста шавад, ки ба ёрии онҳо бишитобанд”. 

Онҳо мегӯянд, ки набояд Толибон аз кумакҳои башарии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷиҳати тақвияти ниҳодҳои мисли ниҳодҳои амниятӣ ва ё ниҳодҳои нақзкунандаи ҳуқуқи башар, истифода кунанд. 

Фавзия Куфӣ, Шоҳгул Ризоӣ, Зарқо Яфталӣ, Ҳодия Хамваш ва теъдоди дигар аз фаъолони ҳуқуқи занон дар ин нишаст ширкат кардаанд. 

Яке аз баргузор‍кунандагони утришӣ, ки нахоста номаш зикр шавад ба ВВС гуфтааст, ки “набудани шуморе аз чеҳраҳои суннатӣ дар ин нишаст боиси хушҳолии баргузоркунандагон будааст, чаро, ки ҳузури онҳо дар нишасти қаблӣ интиқодбарангез шуда буд”. 

Рангин Додфар Спанта, вазири хориҷа ва мушовири амнияти миллӣ дар давлатҳои қаблии Афғонистон дар нишасти ҳошиявӣ гуфтааст, ки дар муқоиса бо даври гузашта ба “эҷоди ҳаракати фикрӣ ва сиёсӣ алайҳи Толибон” бештар умедвор шудааст. 

Рӯзи гузашта (душанбе) суханронии Муҳаммад Муҳаққиқ аз чеҳраҳои сиёсӣ дар табъид дар ин нишаст хабарсоз шуда буд, ки Толибонро ба эҷоди идораи якқавмӣ ва якгурӯҳӣ мавриди интиқод қарор дод. 

Муҳаммад Муҳаққиқ, ки дар Туркия ба сар мебарад дар суханронии худ ҳукумати Толибонро ба саркӯби систематики ақвом муттаҳам кард ва гуфт: “ҳукумате, ки дар Афғонистон барқарор шудааст, як ҳукумати ифротии толибонӣ” аст. 

Муҳаққиқ афзуд: “аз ҳеҷ як аз ақвоми дигар ғайр аз қавми мӯҳтарами паштун ё ҳузур надоранд ва ё ҳузури символики андаке доранд, ки ихтиёри (салоҳият) ҳеҷ чизеро надоранд.” 

Дар дувумин рӯзи нишасти Вена, аз Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ҳам нақли қавл шуда, ки ӯ гуфтааст “набояд мунтазир монд ва лозим аст, ки тарҳе фарогир барои муқобила бо Толибон омода шавад”. 

Бархе аз чеҳраҳое, ки соли гузашта дар даври нахусти ин конфронс ҳузур доштанд имсол ширкат накардаанд, аз ҷумла Раҳматуллоҳ Набил, раиси амнияти миллии собиқ ва Залмай Расул вазири хориҷа ва сафири пешини Афғонистон дар Лондон аст. 

Дар рӯзи нахусти ин нишаст наздик ба 30 фаъоли сиёсӣ ва мақоми давлати пешини Афғонистон, субҳи душанбе 24 апрел, дар шаҳри Вена пойтахти Утриш дар ин ҷаласа ҳузур ёфтанд. 

Ҷеҳраҳои сиёсӣ, фаъолони ҳуқуқи башар, мақомҳои собиқ ва аъзои парлумон, ҳамчунин дипломатҳо, рӯзноманигорон ва аъзои ҷомеъаи маданӣ ба ин нишаст даъват шудаанд, ки бархе ба сурати маҷозӣ дар он суханронӣ мекунанд. 

Толибон то кунун дар мавриди ин нишаст вокунише нишон надодаанд. 

Ин дувумин конфронсест, ки Институти умури байналмилалии Утриш баргузор кардааст то дар бораи “иқдомоти сиёсии ҳамоҳанг” дар мавриди Афғонистон баҳсу гуфтугӯ анҷом шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *