Рубрики Pressa

Натиҷаи ҳукми суд ба мудир ва муррабияи кӯдакистони “Почемука”


Додгоҳ дар паи марги Судайси ду сола, ки дар кӯдакистони хусусии “Саволу Ҷавоб” қарори худро эълон кард. Бо қарори додгоҳ Рухшона Исматуллоева, мудири кӯдакистон ба 6 соли зиндон ва муррабияи писарбача Боғигул Раҳимова  ба 5 соли зиндон маҳкум шуданд.

Бо сабаби доштани кӯдакони хурдсол додгоҳ инро ба назар гирифта иҷрои ҳукмро то 8- сола шудани фарзандонашон мавқуф гузошта шудааст. Кӯдаки мудир 3 моҳа ва кӯдаки муррабӣ 3 сола мебошад.

Дар қарори додгоҳ чунин гуфта шудааст: “Бо қарори додгоҳ, тибқи моддаи 209 Исматуллоева 5 сол ва дар асоси модда дуввум 2 соли дигар аз озодӣ маҳрум гардид. Бо татбиқи моддаи 67 Кодекси ҷиноятӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ҷазои ниҳоӣ нисбати нисбати Рухшона Исматуллоева 6 сол таъин гарид”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *