Додгоҳ дар паи марги Судайси ду сола, ки дар кӯдакистони хусусии “Саволу Ҷавоб” қарори худро эълон кард. Бо қарори додгоҳ Рухшона Исматуллоева, мудири кӯдакистон ба 6 соли зиндон ва муррабияи писарбача Боғигул Раҳимова ба 5 соли зиндон маҳкум шуданд.
Бо сабаби доштани кӯдакони хурдсол додгоҳ инро ба назар гирифта иҷрои ҳукмро то 8- сола шудани фарзандонашон мавқуф гузошта шудааст. Кӯдаки мудир 3 моҳа ва кӯдаки муррабӣ 3 сола мебошад.
Дар қарори додгоҳ чунин гуфта шудааст: “Бо қарори додгоҳ, тибқи моддаи 209 Исматуллоева 5 сол ва дар асоси модда дуввум 2 соли дигар аз озодӣ маҳрум гардид. Бо татбиқи моддаи 67 Кодекси ҷиноятӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ҷазои ниҳоӣ нисбати нисбати Рухшона Исматуллоева 6 сол таъин гарид”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube