Манучеҳр Ҷобир намояндаи доимӣ Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар Венаи Австрия таъин гардид.
Бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 4-уми декабр ба ин вазифа таъин гардид.
Ҷобир Манучеҳр ҳамзамон, сафири Тоҷикистон дар Австрия буда, 14-уми ноябр ба ҷои Идибек Қаландар, ки ҳамчунин, намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена буд, ба ин мансаб таъин гардид.
То ҳол маълум нест, ки Идибек Қаландар ба кадом мансаб таъин гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube