Рубрики Хабарҳо

Дар Суғд ронандаи эвакуатор BMW-ро дуздида ба ними нархаш фурӯхт

Маъмурони пулиси вилояти Суғд бо гумони дуздии мошин аз таваққуфгоҳи роҳи оҳан сокини 45-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боздошт карданд.

Ба иттилои Акбар Шарифӣ, сардори хадамоти матбуоти ВКД дар вилояти Суғд, дар барномаи «Хабарҳои пулис», кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД дар вилояти Суғд Умедҷон Исроилҷонович Сатторовро дастгир намуданд. Ин сокини ҷамоати деҳоти Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар дуздии автомашинаи тамғаи BMW F10 гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда, ронандаи эвакуатор, ки барои ҳамлу нақли мошинҳои ба фурӯш овардашуда хизмат мерасонад, 26 июни соли 2023 дар таваққуфгоҳи роҳи оҳани шаҳри Бӯстон “худсарона ва ғайриқонунӣ контейнери ба соҳибкор ҒаниҷонРаҳимов, сокини шаҳри Хуҷандро боз кардааст. Ӯ мошини тамғаи BMW F10-ро гирифта, ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст, ки нисфи арзиши онро ташкил медиҳад”.

«Гумонбаршуда бо амали худ ба соҳибкор ба маблағи 220 000 сомонӣ зарар расонидааст», — қайд мекунад манбаъ.

Аз рӯи ин далел тибқи моддаи 244 (Дуздӣ)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, кормандони милитсия барои муайян намудани шахсони дигари дар ин ҷиноят даст дошта талош доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *