Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳур ва раиси ҳизби Адолат ва Тавсеаи Туркия дар “митинги бузурги Истамбул”-и ҳизби тобеъъи худ дар Бӯстони миллати фурудгоҳи Ататурки Истамбул баргузор шуд, эълом кард: дар ин митинг як миллиону 700 ҳазор нафар аз шаҳрвандон мушорикат кардаанд.
Рақобат байни ду номзади аслӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ — Раҷаб Таййиб Урдуғон ва Камол Қиличдоруғлу бо шиддати тамом ҷараён дорад.
Баъди заминларзаи Туркия ва баҳамоии аксари ҳизбҳои мухолифи Туркия мавқеъи раисҷумҳури кунунӣ Раҷаб Таййиб Урдуғон каме заъиф шуда ва 48 дарсад муқобили 52 дарсади рақибашро ташкил медод. Аммо ӯ бо истифода аз ба намоиш гузоштани чандин дастовардҳои Туркия ва иштибоҳҳои рақибаш, тавонист аз ӯ пешӣ гирад. Ҳоло ҳамин нишондиҳанда баръакс шудааст.
Дар ду ҳафтаи охир Урдуғон аз дастовардҳои воқеъан чашмгири Туркия, аз ҷумла сохти се навъи ҳавопаймои ҷангӣ, нови (киштии) ҳавопаймобар, киштиҳои зеробӣ, шурӯъи истеҳсоли хуррави миллии электрикӣ, кашфи ду кони бузурги нафт ва ғайра рӯнамоӣ кард.
Дар тазоҳуроти дирӯҳ вай дар хусуси пружаҳои бузург роҳ ва гузаргоҳҳое, ки то кунун роҳандозӣ шуда ҳарф зад ва гуфт: Акнун пружаи туннели бузурги Истамбулро роҳандозӣ мекунем. Ин пружа баъд аз Мармарай ва Евро-Азия севумин туннеле хоҳад буд, ки аз зери тангаи Босфари Истанбул убур мекунад.
Урдуғон дар идома тасреҳ кард: аз тариқи туннели бузурги Истамбул, ҳамлу нақли шаҳриро, ки рӯзона 6.5 миллион шаҳрвандонамон аз он истифода хоҳанд кард, бо пайвастани 11 системи релсии мухталиф, фароҳам хоҳем кард.