Рубрики Хабарҳо

На рақсу на намоз. Коруно дар зиндагии тоҷикон низ тағйирот даровард

Ҷашни ботантанаи Наврӯз бо ширкати раисҷумҳур ва 7000 нафар меҳмон, ки қарор буд 22 март дар Хуҷанд баргузор шавад лағв шуд. Ҳамчунин имомони бархе масоҷид аз намозгузорон хостаанд аз субҳи имрӯз ба масҷид наоянд.

Ба хотири пешгирӣ аз шуйӯъи вируси коруно ё COVID-19, мақомоти Тоҷикистон дар ҷашну маросимҳо тағйирот ворид мекунанд ва имкони қабл аз ҳар идорае баста шудани масоҷид низ вуҷуд дорад. Ҷашни ҷумҳуриявии Наврӯз, ки қарор буд имсол дар Хуҷанд баргузор шавад, лағв гардида, мақомот тасмим гирифтаанд онро “бо ширкати шумори ками намояндагон ва ҳофизон” ҷашн гиранд.  

Ҳамчунин бо тавсияи комиссиюни мубориза бо коруно, ҷашнгириҳо серодам дар боғҳову майдонҳо низ манъ гардидааст. Гуфта мешавад баъди ин қарор “маршировка”-и донишҷӯёну хонандагон мактаб, ки як моҳ пеш аз ҷашни Наврӯз шурӯъ мешавад, қатъ шудааст.

Ҳамчунин, имом-хатибони бархе аз масоҷиди кишвар аз намозгузорон хостаанд аз субҳи имрӯз ба масҷид нараванд, чун дарҳои масоҷид барои муддати номуайяне баста хоҳанд буд. “Азия Плюс” менависад, ки имомони се масҷид, аз ҷумла масҷиди Мир Саид Алии Ҳамадонии шаҳри Душанбе ин хабарро тасдиқ кардаанд. 

Мақомоти расмӣ ҳанӯз баста шудани масоҷидро расман эълон накардаанд. Аммо Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин гуфтааст рӯзҳои наздик дар тамоми масоҷиди кишвар карантин эълон хоҳад шуд.

Вируси COVID-19 расман дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳо барои пешгирӣ аз он баробари шуйӯъи он дар Чин оғоз шуда, торафт ташдид мешавад. 

Тибқи иттилоъи расонаҳои ҷаҳонӣ то субҳи имрӯз дар Чин 2987 ҳолати марг аз ин вирус, дар Эрон 2336 мубтало ва 77 ҳолати марг ба қайд гирифта шудааст. Ин беморӣ ҳамчунин дар Куриёи Ҷанубӣ ва Итолиё бо суръат паҳн мешавад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *