Рубрики Хабарҳо

Оғози санҷиши омодагии ҷангии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон санҷиши омодагии ҷангии пойгоҳи 201-уми Русия, ки бузургтарин пойгоҳи низомии заминии Федератсияи Русия дар берун аз марзи он аст, оғоз шуд. Дар ин санҷиш тирпарронии артиллерия ва танкҳо, инчунин дар ҳайати системаҳои тирпарронӣ амалиёти ҳавопаймоҳои ҷангӣ сурат мегирад. 

Дар ин бора Евгений Ковилин, фармондеҳи воҳиди пойгоҳи низомии  201-уми Русия ба хабаргузории ТАСС маълумот додааст. 

Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии ҳавзаи марказии низомӣ, тамриноти назоратӣ то 30 апрел идома хоҳад кард. 

тибқи иттилоъи манбаъ дар ин санҷиши омодагии ҷангӣ ракетҳои сершумори «Град» ва «Ураган», тупҳои худгарди 152-милиметрии «Акатсия», миномётҳои 120-мм «Сани», танкҳои Т-72, ​​мошинҳои ҷангии БМП-2 ва зиреҳпӯшҳои БТР-82А истифода хоҳанд  шуд.

Ба гуфти Ковилин  «хизматчиёни ҳарбӣ бояд маҳорати касбии худро нишон диҳанд, инчунин, машқҳои тирандозиро аз силоҳҳои тирандозӣ ва силоҳи муқаррарии мошинҳои ҷангӣ иҷро кунанд.»

Бояд гуфт, ки пойгоҳи мустақар дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст. 

Бар асоси созишномае, ки моҳи октябри соли 2012 имзо шуда буд, ин пойгоҳ то соли 2042 дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *